Дар чанд ҷумла
Раҳбари НАТО гуфт, Беларус ҳарчи бештар аз Русия вобаста мешавад
Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО гуфт, Беларус то рафт бештар аз Русия вобаста мешавад, чун Минск барои саркӯби эътирозгарон мавриди инзивои Ғарб қарор гирифтааст. Ин нуктаро раҳбари НАТО рӯзи 6-уми июн дар сӯҳбат бо Welt am Sonntag баён кард. Қарор аст дар Бритониё рӯзҳои наздик ҷаласаи солонаи НАТО барпо шавад. Дар ин ҷаласа мавзӯи Русияву Беларус калидӣ хоҳанд буд. Пеш аз он рӯзҳои 11 то 13-уми июн бояд ҷаласаи серӯзаи раҳбарони кишварҳои пешрафтаи саноатӣ ё G7 барпо шавад.
Баъди он ки Минск ҳавопаймоеро, ки дар хатсайти Юнон-Литва парвоз мекард, дар хоки худ фуруд оварду аз дохилаш як журналисти оппозитсиониро боздошт намуд, Ғарб таҳрими бештарро ба Беларус раво дид. Столтенберг дар сӯҳбат бо нашрия гуфт, ки НАТО таҳаввулоти Беларусро аз наздик мушоҳида мекунад ва аз равобити то рафт тангу наздики Маскаву Минск дар ташвиш аст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Шариф Назаров, мураббии варзидаи футболи тоҷик, даргузашт
Шариф Назаров, мураббии шинохтаи футболи тоҷик, пас аз бемории вазнину тӯлонӣ рӯзи 30-юми декабр дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Ӯ 80 сол дошт.
Ин зодаи ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) дар солҳои 60-70-уми садаи гузашта дар дастаҳои “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа ва “Помир”-и Душанбе ҳимоятгар буд.
Ӯ аслан ба ҳайси мураббии футбол машҳур шуд. Хидмати Шариф Назаров дар дастовардҳои “Помир”-и Душанбе беназир мебошад. Маҳз таҳти раҳбарии вай “Помир” ба лигаи олии қаҳрамонии СССР (1988) роҳхат гирифта, сипас то фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар лигаи олӣ муваффақона бозӣ кардааст.
Таҳти раҳбарии Шариф Назаров “Помир” ду бор қаҳрамони Тоҷикистон (1992 ва 1995) ва барандаи Ҷоми кишвар (1992) гардид. Вай дар солҳои 1994-1995 сармураббии дастаи “Навбаҳор” дар Намангони Узбекистон буд.
Назаров соли 1997 боз ба Тоҷикистон баргашт ва сармураббии “Помир” таъйин шуд. Ӯ, ҳамчунин, дастаи “Варзоб”-и Душанберо ду бор (1999 ва 2000) қаҳрамони Тоҷикистон ва як бор (1999) барандаи Ҷоми кишвар кардааст.
Солҳои 2001-2002 сармураббии дастаи “Фаррух”-и Ҳисор, солҳои 2003-2005 сармураббии “Авиатор” (баъдан “Парвоз”)-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2006-2007 сармураббии “Хима”-и Душанбе буд.
“Авиатор” бо роҳбарии ин мураббии пуртаҷриба ду бор (2003, 2004) соҳиби медали биринҷӣ шуда, як дафъа (2004) Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.
Шариф Назаров хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1974) ва мактаби олии мураббиёни шаҳри Маскав (1983), мураббии шоистаи Тоҷикистон (1977) солҳои 1986-88,1989-95,1997-98 сармураббии “Помир”, солҳои 1992-95, 1999, 2003, 2005-2006 сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон буд.
Бо раҳбарии Шариф Назаров дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон соли 2006 барандаи Ҷоми даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) гардидааст.
Шариф Назаров аз моҳи июни соли 2009 раиси бошгоҳи футболи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода буд. Баъдан дар Душанбе мактаби футболи Шариф Назаров таъсис ёфт, ки ӯ ҳамроҳи шогирдонаш ба тарбияи футболбозони наврас машғул буд.
Шариф Назаров ягона намояндаи ҷамоҳири Осиёи Марказӣ мебошад, ки ба дарёфти унвони баландтарину фахрии “Мураббии шоистаи СССР” (1991) муваффақ гардидааст.
Имзои фармони нав дар бораи даъват ба артиш дар Русия
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзи 29-уми декабр фармонеро имзо гузошт, ки маъракаи даъват ба артишро дар ин кишвар тамоми сол иҷоза медиҳад.
Мақомоти Русия нақша доранд, аз 1-уми январ то 31-уми декабри соли 2026-ум 261 ҳазор ҷавони аз ҳаждаҳ то сисоларо ба хидмати сарбозӣ баранд.
Дар даъвати тирамоҳии имсола 135 ҳазор кас дар Русия ба хидмат ҷалб шудаанд. Ин омори калонтарин аз соли 2016 аст.
Думаи давлатӣ ё порлумони Русия моҳи октябри имсол дигаргуниро ба қонун дар бораи даъват ба артиш пазируфт. Бар асоси он, кумисюнҳои даъват тамоми сол кор мекунанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Русия дар ҷанги зидди Украина, ки қариб чор сол боз идома дорад, сарбозони зиёдеро аз даст додааст ва аз ин роҳ мехоҳад мушкилашро ҳал кунад.
Эътирозҳо ва шиорҳои зидди ҳукумат дар Эрон
Дар пайи боло рафтани нархи пули хориҷӣ ва арзиши тило дар Эрон, эътирозҳо дар чанд шаҳри ин кишвар ҷараён дорад.
Гирдиҳамоии норозиён рӯзи 28-уми декабр дар чанд бозори Теҳрон оғоз шуда, сипас ба гӯшаҳои дигари Эрон кӯчид.
Муътаризон дар бораи вазъи иқтисодии Эрон ва алайҳи ҳукумат шиор медиҳанд.
Дар яке аз ин гирдиҳамоиҳо шиори “Ризошоҳ рӯҳат шод” низ садо дод. Ризошоҳи Паҳлавӣ, шоҳи Эрон, соли 1979 дар пайи пирӯзии инқилоби исломӣ аз Эрон рафт ва дур аз кишвараш фавтид.
Эътирозҳои охир дар Эрон ба дунболи афзоиши якбораи нархи пули хориҷӣ ва баҳои тило сурат мегирад. Дар пайи ин таҳаввулот Маҳдӣ Таботабоӣ, муовини раисҷумҳури Эрон эълом кард, ки Муҳаммадризо Фарзин аз мақоми раиси Бонки марказии Эрон канор рафта ва Абдулносир Ҳимматӣ ҷойгузини ӯ хоҳад шуд.
Бино ба гузоришҳо чанд бозори калон дар Эрон, аз ҷумла бозори Байнулҳарамайн рӯзи 29-уми декабр таътил шудаанд. Дар наворҳо дида мешвад, ки муътаризон бо маъмурони ҳукуматӣ даргир шудаанд.
Марги мармузи як кӯдаки 3-сола дар Файзобод
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, як кӯдаки 3-сола эҳтимолан дар пайи латукӯби модарандараш дар ноҳияи Файзобод ҷон бохтааст. Ҳодиса 26-уми декабр дар деҳаи Шерамон рух додааст.
Як манбаъ дар ҳукумати Файзобод ба Радиои Озодӣ гуфт, барои латукӯб ва ба марг расондани Юсуфҷони хурдсол модарандараш гумонзад аст.
Назари ин зани 31-сола ба қазия маълум нест.
Манбаъ дар ҳукумати Файзобод гуфт, модарандари тифл ба ҳабси пешакӣ гирифта нашуд, чун кӯдаки якунимоҳа дорад. Мақомот ӯро бозпурсӣ доранд.
Ҷузъиёти бештар дар бораи марги мармузи ин кӯдак барои мо феълан маълум нест ва мақомот ҳам расман чизе нагуфтаанд.
Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар ҳукумати Файзобод гуфт, модарандари Юсуфҷон ба он муттаҳам мешавад, ки ин тифли 3-соларо задааст ва кӯдак баъди як рӯз дар роҳ ба бемористон даргузашт.
Таҳқиқи аввалия нишон додааст, ки зан мушкили равонӣ надорад, аммо бо хушдоманаш ҷанҷол мекардааст.
Мақомот ҳам аз мушкили оилавии ин зан бохабар буда, як маротиба бо онҳо сӯҳбат кардаанд.
Марги тифлон баъди шиканҷа дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Дар соли 2022 низ як сокини шаҳри Истаравшан барои латукӯб ва то дами марг азоб додани тифли сесола боздошт шуда буд.
Барои Маҷлиси намояндагон 48 миллион сомонӣ харҷ шудааст
Дар соли 2025 барои кори Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумонии Тоҷикистон, 48 миллион сомонӣ ё 5,2 миллион доллар харҷ шудааст. Ин нукта дар гузориши роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагон садо дод.
Дар ин гузориш, ки нашрияи порлумонии "Садои мардум" чоп кард, омадааст, барои Маҷлиси намояндагон 4 миллион сомонӣ бештар аз нақшаи пешбинишуда маблағ сарф шуд.
Ба иттилои манбаъ, танҳо барои маоши вакилон ва кормандони Маҷлиси намояндагон беш аз 18 миллион сомонӣ харҷ шуд. Аммо роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагон маоши вакилони порлумонро фош накардааст.
Ҳаҷми маблағи пешбинишуда барои кори Маҷлиси намояндагон дар соли 2026 маълум нест. Дар гузориши расмӣ танҳо омадааст, соли оянда фақат барои маоши ҳармоҳаи вакилон ва кормандони маъмурии Маҷлиси намояндагон 1,6 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон 63 вакил ва 232 корманди техникӣ ва ёрирасон дорад. Тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон, тамоми қонун ва созишномаҳои байнулмилалӣ танҳо баъди тасвиб дар Маҷлиси намояндагон иҷроӣ мешаванд.
Мунтақидон порлумони Тоҷикистонро барои хомӯшӣ дар баробари мушкилиҳои ҷомеа ва бидуни баҳсу баррасӣ қабул кардани қонунҳо танқид мекунанд.
Бештари курсиҳои Маҷлиси намояндагон дар ихтиёри Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ва аҳзоби тарафдори ҳукумат ҳастанд. Ҳизби сотсиал-демократ, ки ягона ҳизби мухолиф дар кишвар гуфта мешавад, дар порлумон намоянда надорад.
Саудӣ мехоҳад дар Тоҷикистон истгоҳҳои тавлиди барқи офтобӣ созад
Як ширкати арабистонӣ мехоҳад дар Тоҷикистон истгоҳҳои тавлиди барқи офтобӣ ва бодӣ роҳандозӣ кунад.
Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон, Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, ширкати ACWA Power музокирот бо Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистонро оғоз кардааст.
Сафир умедворӣ кард, ки ин ширкати арабистонӣ дар ояндаи наздик барои насби истгоҳҳои барқии офтобӣ ва бодӣ ба Тоҷикистон кӯмак мекунад.
Ҷузъиёти бештар дар бораи музокироти ширкати ACWA Power бо мақомоти Тоҷикистон феълан маълум нест.
ACWA Power яке аз ширкатҳои бузургтарини тавлиди нерӯи барқ дар Арабистони Саудӣ аст, ки дар бархе аз кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, аз ҷумла Узбекистон кор мекунад.
Дар пайи камбуди шадиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон мақомот талош доранд тавлиди барқро аз дастгоҳҳои офтобӣ ва бодӣ роҳандозӣ кунанд. Феълан бахши асосии барқи Тоҷикистон дар неругоҳҳои обӣ тавлид мешавад.
Дар давраи тирамоҳ ва зимистон беш аз 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба камбуди шадиди барқ рубарӯ мешаванд ва сабабаш ба гуфтаи мақомот кам шудани воридоти об ба обанборҳо аст. Бархеҳо ба ин ҳарфҳо шубҳа доранд.
Додгоҳ никоҳи “қалбакӣ"-и як зани тоҷикро бо марди рус бекор кардааст
Дар Русия издивоҷи дурӯғини як зани тоҷикистониро бо марди рус бекор кардаанд.
Додгоҳи шаҳри Артёмовски вилояти Свердловск рӯзи 29-уми декабр дар Телеграм навишт, зани 34-сола аз Тоҷикистон соли 2022 барои дарёфти осони шаҳрвандии Русия бо марди 39-солаи рус ақди никоҳ баст.
Таҳқиқ маълум кардааст, ки ин ду нафар ҳеч гоҳ ҳамзистӣ надоштанд ва издивоҷи онҳо бо қарори додгоҳ бекор карда шуд. Исми мард ва зан нашр намешавад.
Додгоҳ мегӯяд, аз қазия замоне огоҳ шуд, ки ҳамсари пешинаи мард ва модари фарзанди ӯ аз ин издивоҷи сохта ба додситонӣ шикоят кард. На марди рус ва на зани тоҷик дар мурофиаҳо иштирок накардаанд.
"Мард ҳоло дар ҷанги зидди Украина иштирок мекунад ва зан даъвати додгоҳро нодида гирифт," -- омадааст дар изҳороти додгоҳ.
Хоҳари мард гуфтааст, бародараш аз зани тоҷик 30 ҳазор рубл гирифта, ба ақди шашмоҳа розигӣ дода, вале баъди ин бо кадом сабабе ҷудо нашуд. Бо қарори додгоҳ, марду зан ба фоидаи давлат бояд 1500 рубл ҷарима супоранд.
Дар гузашта бештар дар бораи издивоҷи сохтаи мардони тоҷик бо занҳои рус бар ивази пул ва бо умеди таҳияи қонунии санадҳо ё дарёфти осони шаҳрвандии Русия хабарҳо нашр шудааст.
Барканории Игор Черевченко аз вазифаи сармураббии "Истиқлол"
Дастпарвари футболи тоҷик Игор Черевченко, фарзанди бозигари маъруфи “Помир”-и Душанбе Геннадий Черевченко, аз вазифаи сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барканор шуд.
Сомонаи бошгоҳи «Истиқлол» 29-уми декабр хабар додааст, ки раҳбарияти бошгоҳ ва ситоди мураббиёни даста таҳти роҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко тасмим гирифтанд, ки шартномаро тамдид накунанд.
Ба ин тартиб, сармураббии бошгоҳ Игор Черевченко, мураббии калон Юрий Батуренко, мураббӣ Дилшод Восиев, мураббии дарвозабонҳо Дмитрий Тяпушкин ва мураббии фитнес Дорде Коралич дастаро тарк намуданд.
Игор Черевченко сабаби истеъфои худро ба ҷароҳати зонуяш рабт додааст. Ӯ гуфтааст, бояд дар Маскав ҷарроҳӣ шавад ва барои барқароршавӣ барояш аз 2 то 4 моҳ зарур аст.
Игор Черевченко моҳи октябри соли 2024 ба вазифаи сармураббии дастаи “Истиқлол” таъйин шуда буд. “Истиқлол” бо роҳбарии ӯ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт. Аммо душанбегиҳо дар сатҳи байналмилалӣ натавонистанд натиҷаҳои хуб ба даст биёранд.
“Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/26 дар гурӯҳи “D” ҷойи сеюмро ишғол кард ва аз ҳаққи иштирок дар даври баъдӣ маҳрум гашт.
Шарҳи ҳол
Игор Черевченко 21-уми августи соли 1974 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ мисли падараш дар хатти дифоъ бозӣ мекард ва собиқаи футболбози касбиро соли 1992 дар дастаи “Помир”-и Душанбе оғоз кардааст. Вай то соли 1994 дар ҳайати “Помир” буд.
Черевченко солҳои 1993 -1994 узви дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон буд. Баъди кӯчидан ба Русия муддате дар лигаи дуюм дар ҳайати “Индустрия”-и Обнинск ҳунарнамоӣ кард, аммо бозии хубаш дар хатти дифоъ ӯро хеле зуд ба лигаи олӣ бурд.
Черевченко аз соли 1996 то 2001 дар ҳайати “Локомотив”-и Маскав, баъдан дар “Торпедо”-и Маскав ва “Алания”-и Владикавказ бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати “Локомотив” чор бор Ҷоми Русияро ба даст оварда, ҷоизадори бисёркаратаи қаҳрамонии Русия гардидааст.
Игор Черевченко баъди анҷоми фаъолияти футболбозиаш аз соли 2008 ба ҳайси мураббӣ дар бошгоҳи “Локомотив” кор мекард. Соли 2014 як муддат иҷрокунандаи вазифаи сармураббии ин даста буд. “Локомотив” таҳти раҳбарии ӯ Ҷоми Русияро ба даст овард.
Игор Черевченко, ки аз моҳи июни соли 2015 ба “Локомотив” раҳбарӣ мекард, баъд аз ду мусовии тимаш дар ду бозии аввали қаҳрамонии футболи Русия аз вазифааш истеъфо дод.
Моҳи феврали соли 2017 Игор Черевченко бошгоҳи Лигаи миллии футболи Русия - «Балтика»-и Калининградро раҳбарӣ мекард. Ӯ моҳи январи соли 2018 сармураббии дастаи “Арсенал”-и Тула таъйин гардид.
Охирҳои моҳи декабри соли 2023, ки муҳлати қарордодаш ба ҳайси сармураббии «Истиқлол»-и Душанбе ба охир расид, аз даста рафт. Ӯ соли 2024 сармураббии бошгоҳи «Факел»-и Воронежи Русия буд.
"90 дарсади тарҳи сулҳ мувофиқа шуд." Трамп ва Зеленский чӣ гуфтанд?
Доналд Трамп, президенти Амрико, гуфтугӯ бо раисҷумҳури Украина Владимир Зеленскийро "олиҷаноб" хонд. Дидори роҳбарони ду кишвар 28-уми декабр дар аёлати Флорида гузашт.
Трамп ба хабарнигорон гуфт, "мо мавзуъҳои зиёдеро баррасӣ кардем. Фикр мекунам, ба тавофуқи сулҳ бисёр наздик шудем. 91 дарсади украиниҳо ҷонибдори поёни ин ҷанг ҳастанд. Русия ҳам мехоҳад ин даргириро тамом кунад. Ҳама мехоҳанд ба ин ҷанг поён диҳанд".
Доналд Трамп ва Владимир Зеленский пас аз поёни музокирот бо роҳбарони Аврупо ва НАТО телефонӣ гап заданд.
Зеленский ба хабарнигорон гуфт, 90 дарсади тарҳи сулҳ мувофиқа шуд. Ӯ илова кард, ки "дар масъалаи тазмини амниятӣ ба Украина мо тақрибан ба хулосаи ягона расидем".
Ба гуфтаи Доналд Трамп, танҳо як-ду масъалаи ҳалношуда боқӣ мондааст, ки яке аз онҳо баҳси хок ё сарзамин аст.
Дар поёни нишасти хабарии Трамп ва Зеленский гуфта шуд, ки дидори навбатии ин ду роҳбар шояд 29-уми декабр баргузор шавад.
Ҳалокати чор кас дар рӯзи тӯй дар Хатлон
Дар пайи садамаи як мошини тӯёна дар вилояти Хатлон чор хешованди домод ба ҳалокат расида, чор каси дигар маҷруҳ шудаанд. Ҳодиса рӯзи 27-уми декабр дар шоҳроҳи Данғара-Леваканд рух додааст.
Хабаргузории "Азия-Плюс" навиштааст, садама замоне рух дод, ки мошинҳо барои овардани арӯс аз ноҳияи Восеъ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мерафтанд.
Ба гуфтаи манбаъ, яке аз мошинҳо ба самти муқобил баромада, ба худрави “Лексус” бархӯрдааст. Дар ин садама, бародар ва се хешованди дигари домод ба ҳалокат расидаанд. Фавтидагон аз 15 то 42 сол син доштанд ва ҳамаашон сокинони ноҳияи Восеъ буданд.
Мақомот дар бораи сабабҳои ин ҳодиса расман хабар надодаанд. Дар як моҳи ахир ин ҳадди ақал сеюмин садамаи корвонҳои тӯёна аст, ки рух медиҳад. Рӯзи 14-уми декабр дар пайи бархӯрди мошини домоду арӯс ба як автомашинаи боркаш дар роҳи Ҳисор-Душанбе се нафар осеб гирифтаанд.
Моҳи ноябри имсол дар ноҳияи Рашт дар вақти тӯй мошине ба сутуни бетонӣ бархӯрда, сабаби марги 3 ҷавон шуд. Ин садама ҳам замоне рух дода буд, ки наздикони домод барои овардани арӯс мерафтанд.
Солона дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон садҳо кас кушта ва маъюби якумрӣ мешаванд.
Тоҷикистон барои интиқоли коргарони чинӣ аз марз кумак кардааст
Сафорати Чин дар Душанбе барои бистарӣ кардани коргарони чинӣ, ки ҳадафи ҳамла аз Афғонистон қарор гирифтаанд, ба мақомоти Тоҷикистон миннатдорӣ кардааст.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар хабарномае навишт, Сун Хэ, мушовири масоили тиҷоративу иқтисодии сафорати Чин дар дидор бо вазир Азим Иброҳим барои "расондани ёрии ҳамаҷониба дар интиқол ва бистарӣ сохтани кормандони "China Road & Bridge Corporation" ... миннатдории ҷониби Чинро баён дошт".
Мақомоти Тоҷикистон ва Чин шарҳ надодаанд, ки дар дидори вазири нақлиёти Тоҷикистон бо намояндаи сафорати Чин дар бораи ин ҳамла боз чӣ чизҳое гуфта шуд.
Ҳамла ба роҳсозони чинӣ дар марзи Афғонистону Тоҷикистон 30-юми ноябр рух дод. Дар ин ҳамла ду чиноӣ кушта шуда, ду коргари ширкати “China Road and Bridge Corporation” маҷруҳ гаштанд.
Моҳи ноябр ҳамчунин дар пайи ҳамлаи дигаре аз хоки Афғонистон ба корхонаи заршӯӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 коргари дигари чинӣ кушта шуданд.
Мақомоти Тоҷикистон аз ҳукумати "Толибон" хостанд, барои таъмини амният дар марз ва пешгирӣ аз чунин ҳамлаҳо бештар талош кунанд.
Расонаҳои Афғонистон аз боздошти чанд гумонбар дар ин ҳамла хабар доданд, аммо дар бораи таҳқиқоти ин ҳодиса дигар хабаре дода нашуд.
Хушдоманро дар ҷабру ситам ва марги келинаш гумонбар донистанд
Як хушдоманро дар ноҳияи Ҷайҳун ба он гумонбар донистанд, ки келини 23-солаашро ба худкушӣ расондааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 27-уми декабр бо нашри баёнияе гуфт, зани 48-солаи сокини Ҷайҳун нисбати келинаш "муносибати бераҳмонаро раво дида", ӯро пайваста латту кӯб ва таҳқир мекардааст. Ин ҳолат аз соли 2019 идома доштааст ва ба гуфтаи мақомот моҳи сентябри соли равон, арӯси хонавода ба ҷабру ситами хушдоман тоб наоварда, сирко хӯрда, худкушӣ кардааст. Назари хушдоман ва ҳам наздикони келин маълум нест. Дар бораи ҷузъиёти ҳодиса ва шавҳари арӯс ҳам иттилоъ дода нашудааст.
Бино ба навиштаи Вазорат, нисбати хушдоман бар асоси моддаи 109, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне барои "ба худкушӣ расондан" парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст ва таҳқиқи ҳодиса идома дорад.
Дар давоми 3-4 соли ахир дар Тоҷикистон дастикам 10 қазияи марги келину боздошти хушдоманҳо расонаӣ шудааст. Дар 7 ҳолат келинҳо дар хонаи шавҳар худкушӣ кардаанд ва дар марги онҳо хушдоманҳоро гунаҳкор дониста, аз панҷ то ҳафт сол зиндонӣ кардаанд. Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки дар марги хушдоманҳо келини онҳо айбдор дониста шудаанд.
Соли 2021 Зархол Мустонова, сокини Турсунзодаро барои “ба худкушӣ расонидан”-и арӯси хонавода маҳкум ба зиндон карданд. Келини ӯ ҳам бо сирко худкушӣ кард. Хушдоман пас аз се соли адои ҷазо, дар соли 2024 ба озодӣ баромад.
Соли 2021 дар ноҳияи Файзобод занеро бо айни ҳамин гуноҳ ҳафт сол зиндонӣ карданд.
Ҷомеашиносон мегӯянд, дар бисёр хонаводаҳо қоидаи нонавиштаи бартарии хушдоман бар арӯс амал мекунад, ки ҳамсари писарро на ҳамчун узви комилҳуқуқи оила, балки як хидматгор мебинанд.
Дар Тоҷикистон солҳои ахир сӯиқасд ба худкушӣ ва ё мавридҳои худкушӣ зиёд шудаанд. Тибқи маълумоти Додситонии кулли Тоҷикистон, дар соли 2024 дар кишвар 259 нафар занону духтарон ба худкушӣ ва сӯиқасд ба он, даст задаанд.
Як таҳқиқи тозаи парвандаҳои худкушӣ дар кишвар нишон додааст, ки тақрибан 75 дарсади онҳое, ки касеро ба худкушӣ расондаанд, мардон мебошанд. 25 дарсади худкушиҳо бо айби занон рух медодаанд. Онҳо бо муносибати бераҳмона ва мунтазам паст задани шаъну эътибори инсон, сабаби қасди ҷони худ кардани касе, масалан, келини хонавода мешудаанд.
Дар Эрон беш аз 1900 нафарро эъдом кардаанд
Мақомоти Эрон дар як соли ахир 1922 нафар, аз ҷумла беш аз 59 зану ду ноболиғро эъдом (қатл) кардаанд. Бино ба гузориши солонаи созмони ҳуқуқи башар HRАNA (Human Rights Activists News Agency) ин омор ду баробар бештар аз соли 2024 аст.
Аксаран ҳукмҳои қатл пинҳонӣ ва бидуни эълони расмӣ анҷом шудаанд. Аммо 10 нафарро дар мазҳари ом ва пеши чашми мардум қатл кардаанд.
Дар гузориш омадааст, ки мақомоти Эрон аксаран, онҳоеро ба қатл маҳкум карданд, ки ба куштор 47,55% ва ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир — 46,10%. айбдор буданд. Ҳукми қатл ҳамчунин бештар нисбати онҳое иҷро шудааст, ки ба таҷовуз, ҷиноятҳои зидди давлату амният, ҷиноёти иқтисодӣ ва фасод гунаҳкор шудаанд.
The Daily Telegraph бо истинод ба фаъолони эронӣ навиштааст, ки пас аз муноқишаи 12 – руза бо Исроил, мақомоти Эрон ҷазои ҳукми қатл ба шиддат афзоиш додаанд.
Дар гузашта Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мақомоти Эронро танқид карда буд, ки аз ҳукми эъдом (қатл) ба унвони абзоре барои тарсондан ва саркӯби камшуморон ё ақаллияти қавмӣ, мухолифони сиёсӣ ва хориҷиҳо истифода мебарад.
Зеленский ва Трамп дар бораи поёни ҷанг гуфтугӯ мекунанд
Дар ҳоле ки Русия ҳамлаҳои маргбори ҳавоиро ба шаҳру деҳоти Украина идома медиҳад, қарор аст имрӯз, 28-уми декабр, раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский бо ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп дидору мулоқот кунад. Гуфта мешавад ин музокира барои Украина сарнавиштсоз хоҳад буд.
Кохи Сафед то ҳанӯз дар ин бора расман хабар надодааст, вале дар барномаи кории рӯзонаи президент, мулоқоти ду раҳбар дар иёлати Флорида таъйин шудааст. Ҳадафи асосии ин гуфтугӯҳо дарёфти роҳҳои хатми ҷанги Русия дар Украина ва дастёбӣ ба як созишномаи сулҳ гуфта мешавад.
Зеленский баъд аз боздид аз Канада вориди ИМА шуд. Дар Канада президенти Украина бо нахуствазир Марк Карни мулоқот дошт ва ӯ дар ростои гуфтугӯҳои муҳим дар Амрико таъкид кард, ки кишвараш барои пуштибонӣ аз Украина омода аст.
Раисиҷумҳури Украина дар ростои мулоқоти сарнавиштсозаш бо Доналд Трамп, бо раҳбарони кишварҳои аврупоӣ мулоқоти телефонӣ дошт. Дар ин мулоқот Урсула фон дер Ляйен, раиси Комиссияи Аврупо, ба зарурати дастёбӣ ба "як сулҳи одилона ва пойдор, ки соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украинаро комилан ҳифз кунад." таъкид кард.
Раҳбари Украина эълон кард, ки пас аз мулоқот бо Трамп вай дигарбора бо раҳбарони кишварҳои Аврупо гуфтугӯ хоҳад кард. Ӯ аз Ғарб даъват кард, то дар баробари Маскав аз мавқеи устувор кор бигиранд.
Айни замон, музокиракунандагони амрикоӣ, украинӣ ва аврупоӣ сари як тарҳи сулҳи иборат аз 20 банд кор мекунанд, ки ҳадафаш поён додан ба ҷанги Русия дар Украина аст. Ин тарҳ аз кафолатҳои амниятӣ барои Украина, бозсозии кишвар ва роҳҳои хатми ҷанг иборат аст.
Хабаргузории Bloomberg бо такя ба манобеи худ навишт, ки Маскав хоҳони ворид кардани тағйирот ба ин тарҳ аст.
Ҳамлаҳои густурдаи мушакӣ ва паҳбодии Русия ба Киев
Тибқи гузоришҳо, бомдоди 27 декабр таркишҳои сахте шаҳри Киев, пойтахти Украинаро ларзонд.
Ба гуфтаи мақомҳои маҳаллӣ, бар асари ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳбодии Русия ба чандин минтақаи пойтахти Украина дастикам 11 захмӣ шуданд, ки 2 нафари онҳо кӯдакон мебошанд. Ин ҳамла ба биноҳои истиқоматӣ зарба задааст.
Артиши Украина эълон кард, ки Русия дар ин ҳамлаҳои шабона аз наздик ба 500 паҳбод ва ҳудуди 40 мушак истифода карда, зерсохторҳои энержӣ ва минтақаҳои ғайринизомиро ҳадаф қарор додааст.
Дар пайи ҳамлаҳои паҳбодӣ ва мушакии Русия дар бомдоди шанбе, аз се як ҳиссаи шаҳри Киев дар сармои зимистон бе гармӣ ва барқ монд ва дастикам 11 захмӣ шуданд.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ин ҳамлаҳоро нишонае аз "идомаи сиёсатҳои вайронгарони Маскав" донист ва хостори афзоиши фишори Амрико ва Аврупо бар Русия шуд.