Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осоишгоҳи "пинҳонӣ"-и Шавкат Мирзиёевро чӣ гуна ёфтанд? ВИДЕО


Фаъоли сиёсӣ ва болгнависи узбекистонӣ, Алексей Гаршин, мегӯяд, барои ба навор гирифтани бӯстонсарои махфии президенти Узбекистон маҷбур шуд, ки ба кӯҳу пушта биравад. Моҳи феврали имсол бахши узбекии Радиои Озодӣ дар як таҳқиқот бо далелҳои зиёд ошкор кард, ки осоишгоҳи махфӣ дар кӯҳистони Шомозсои ин кишвар ба президент Шавкат Мирзиёев тааллуқ дорад.

Дар наворе, ки Гаршин дар саҳифаи "Инстаграм" нашр кардааст, қасри бузургу боҳашамат ва маҷмааи дорои боғҳои ободу зебо ва кӯли сунъӣ дида мешавад. Қаблан манзараҳои ин бӯстонсарои махфиро танҳо тавассути аксу тасвирҳои маҳвораӣ аз харитаи Гугл дидан мумкин буд.

Алексей Гаршин мегӯяд, "мехостам, ки ҳама дурӯғгӯйиҳои низомро нишон диҳам. Ин кор хеле душвор буд. Ду рӯз хоб накардам. Ҳангоми бозгашт роҳгум задам. Тасаввур мекардам, ки агар онҳо маро пайдо кунанд, мегӯянд, аз кӯҳ афтодам. Ман ба ин омода будам. Аммо бояд воқеиятро барои мардум ва худам исбот мекардам. Бояд далел пешниҳод мекардам. Онҳо бешармона аз мардум медузданд."

Таҳқиқоти бахши узбекии Радиои Озодӣ ошкор кард, ки маҷмааи боҳашамати махфӣ ба президент Мирзиёев тааллуқ дорад. Ду манбаи Озодӣ гуфтанд, маҷмааи махфӣ садҳо миллион доллар арзиш дорад.

Наворро дар ин ҷо бинед:

Истироҳатгоҳи "пинҳонӣ"-и раиси ҷумҳури Узбекистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:53 0:00

Талоши қаблии Алексей Гаршин барои роҳ ёфтан ба маҳалли бӯстонсаро бенатиҷа буд. Дар посгоҳи наздик ба маҷмаа муҳофизон ӯро аз роҳ баргардонданд.

Аршин мегӯяд, ин навбат бо тай кардани 30 километр дар кӯҳу пуштаҳо ба ҳадаф расид. Баъд аз нашри навори Гаршин дар YouTube баъзе аз корбарон ба сафари ӯ ба минтақаҳои кӯҳӣ шубҳа кардаанд. Ин ки Гаршин наворҳоро чӣ гуна ба даст овардааст, барои Радиои Озодӣ маълум нест, аммо ин тасвирҳо айни ҳамон аксу наворҳоест, ки харитаи Гугл нишон медиҳад. Дар навори охир ҳам майдони ҳавоӣ барои фуруди чархбол ва ду иморати паҳлӯ ба паҳлӯ дида мешавад.

Блогер Алексей Гаршин гуфт: "Ба ман лозим шуд, ки маълумоту тасвирҳои харитаи Гуглро омӯхта, аввал дар харита минтақаро бубинам. Баъдан ба он ҷо сафар кунаму аз баландии кӯҳҳо бо чашми худ бубинам, ки чӣ дар куҷо аст. Албатта, кӯшиш кардам, ки аз маҷмаа дур бошам, аммо манзараи атрофро омӯзам."

Пас аз чанд рӯзи нашри таҳқиқоти Радиои Озодӣ дар моҳи феврал, ширкати "Узбекистон темир йуллари" бо пахши навори зоҳиран шитобкоронае гуфт, дар асл ин иншоот маркази фароғатии кормандонаш аст.

Аммо ин навор ҳам натавонист, далелҳои таҳқиқоти Радиои Озодиро дар бораи бӯстонсарои президент инкор кунад. Биное, ки дар навори мақомоти Узбекистон намоиш дода шуд, чандон боҳашамат набуд ва тасвирҳои зиёди шубҳаовар дошт.

Манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфтанд, навори мақомоти Узбекистон дар назди посгоҳ ва 1,5 километр дуртар аз биноҳои асосии бӯстонсаро сабт шудааст. Як акс ба эҳтимоли зиёд аз як гӯшаи бино гирифта шудааст. Аз тарафи рост чанд бинову пул ва аз байни он роҳи асосӣ мегузарад.

Дар тасвири моҳвораӣ ҳамин пул ва биноҳову роҳи асосӣ дида мешавад. Дар охири моҳи марти имсол президенти Узбекистон, Шавкат Мирзиёев, ин мавзуъро расман шарҳ дод.

Ӯ гуфт, "ин тарҳи ширкати "Узбекистон темир йуллари" аст. Он ҷо касе зиндагӣ намекунад. Ин маҷмааи давлатӣ аст ва ба касе тааллуқ надорад. Пас, ин ба президент чӣ рабт дорад? Президент ҳам агар ба кишвар меҳмони муҳиме ташриф орад, метавонад ба ин маҷмаа сафар кунад."

Аммо бо ин суҳбати худ президент бори аввал иқрор шуд, ки воқеан ҳам аз ин бӯстонсаро истифода мекунад. Акнун узбекистониҳо метавонанд, ин маконро аз наздик бубинанд.

XS
SM
MD
LG