Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карантини сахттари Тайван ва назари сокинони Япония ба бозиҳои олимпӣ


Тайван. Корманди тиббӣ аз пушти шиша истода, мардеро аз назари олудагӣ ба коронавирус месанҷад
Тайван. Корманди тиббӣ аз пушти шиша истода, мардеро аз назари олудагӣ ба коронавирус месанҷад

Тайван ва Австралия эълон карданд, ки барои боздоштани паҳншавии COVID-19 тадбирҳои наве ҷорӣ мекунанд. Дар Япония, ки имсол мизбони бозиҳои олимпӣ аст, ба фарқ аз пурсишҳои пешини афкори умум, аксар сокинони кишвар гуфтаанд, ки хостори баргузории ин бозиҳо мебошанд.

Тайван гуфт, ки то 28-уми июн маҳдудиятҳои марбут ба COVID-19-ро тамдид мекунад, чун дар дохили кишвар афзоиши ҳодисаҳои олудашавӣ мушоҳида мешавад. Мақомот аз он нигарон ҳастанд, ки дар ин кишваре, ки танҳо 3 дарсади аҳолиаш эм шудааст, шаклҳои нави коронавирус паҳн мешавад. Дар аёлати Викторияи Австралия рӯзи 7-уми июн афзоиши навбатии ҳодисаҳои гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Дар Мелбурн ҳанӯз ба қарори ниҳоӣ нарасидаанд, ки оё мӯҳлати карантини ҷорӣ 10-уми июн ба поён мерасад ё на. Баъди дар ин ҷо ошкор шудани навъи “Делта”-и коронавирус, мақомот рӯзи 11-ум аст, ки карантини сахте ҷорӣ кардаанд.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфтааст, ки "Делта" яке аз чор навъи сахттарин шаклҳои коронавирус мебошад ва эҳтимолан дар Ҳинд ҳам ҳамин навъ боиси хуруҷи ахир шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар Япония, ки ба баргузории бозиҳои олимпии тобистона омодагӣ мебинад, 50 дар сади аҳолӣ гуфтаанд, ки хостори баргузории бозиҳо буда, 48 дарсад гуфтаанд, ки мехоҳанд ин бозиҳо бекор шавад.

XS
SM
MD
LG