Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониёни ҳамла дар Буркина Фасо ба беш аз 130 кас расид


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар пайи ҳамлаи ҷангҷӯён дар шимоли Буркина Фасо ба камияш 132 кас кушта шудаанд. Ҳодиса рӯзи 5-уми июн рӯй дод.

Ин ҳамлаи маргбортарини ҷангҷӯёни вобаста ба шабакаи "Ал-Қоида" ва гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дар тақрибан панҷ соли гузашта дар ин кишвари Африқои Ғарбӣ ба шумор меравад.

Давлати Буркина Фасо дар эъломияе гуфт, ҷангҷуёни мусаллаҳ хонаҳову бозорро низ ба оташ кашидаанд ва ба гуфтаи онҳо, мумкин аст, теъдоди ҷонбохтагон афзоиш ёбад.

Ҳамлаҳои ҷангҷуёни вобаста ба шабакаи "Ал-Қоида"-ву ДОИШ дар саросари ин минтақа, ба вижа дар Буркина Фасо, Мали ва Нигерия дар умум боис ба кушта шудани ҳазорон тан ва овора шудани ҳудуди се миллион кас шудааст.

Эътилофи зидди терроризм ба раҳбарии Фаронса, машҳур бо номи G5, ки Буркина Фасо, Чад, Мали, Мавритания ва Нигерияро дар бар мегирад, талош дорад, то гуруҳҳои "ҷиҳодӣ"-ро дар саросари минтақа шикаст диҳад.

XS
SM
MD
LG