Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қалъаи Бӯст дар Афғонистон паноҳгоҳи фирориёни ҷанг шудааст. ВИДЕО


Кӯдакони афғон дар назди Қалъаи Бӯст
Кӯдакони афғон дар назди Қалъаи Бӯст

Ҷангу хунрезӣ дар Афғонистон рӯз ба рӯз аҳволи биноҳои таърихӣ ва осори бостонии ин кишварро вайронтар мекунанд.

Кор ба ҷое расидааст, ки мардуми бесарпаноҳ дар дохили қалъаҳои бостонӣ, ки аз боду борон эмин мондаанд, хона месозанд ва онҳоро вайрон мекунанд.

Қалъаи бостонии Бӯст, ки мероси асри 10 аст, нимавайрона шудааст. Ҳоло ба сарпаноҳи гуруҳе табдил ёфтааст, ки аз ҷанг гурехтаанд.

Видеоро ин ҷо тамошо кунед:

Қасри бостонӣ дар ҷануби Афғонистон ба паноҳгоҳ табдил ёфтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00

Дар Қалъаи Бӯст дар вилояти Ҳилманд садҳо хонавода паноҳ бурдаанд, чун дар маҳалли зиндагиашон ҷанг бо Толибон идома дорад, ё ҷангҷӯёни Толиб он ҷойҳоро тасарруф кардаанд.

Сарнавишти баъзеашон дилрешкунанда аст.

Худойназари паноҳҷӯ мегӯяд, худаш танҳо мондааст ва чаҳор фарзандаш зери хок хобидаанд. "Ҳар хонаро бубинед, аз ҳар хона се ё чаҳор нафар кушта шудаанд. Дар инҷо ба худ сарпаноҳ сохтем ва аз маҷбурият шабу рӯзи худро дар инҷо сипарӣ мекунем“,--гуфт ӯ.

Бибиҷамила, зани дигари паноҳҷӯ гуфт: “Мо ба инҷо омадем, зеро Толибон манотиқи моро тасарруф кардаанд. Ҳамроҳи хонавода дар Қалъаи куҳна зиндагӣ мекунем. Як фарзанди хурдсол дорам, се фарзандам барои ин ҳукумат қурбон шудаанд ва ҳукумат ҳеч чизе барои ман накардааст.”

Бачаҳои хонаводаҳои беҷошудагон, ки аз дарсу мактаб маҳрум шудаанд, харобаҳои қалъаву атрофи онро ба маҳалли бозӣ табдил додаанд.

Ҳоло ин биноҳои бостонӣ садҳо хонаводаи безоршуда аз ҷангро дар оғӯши вайрони худ паноҳ додаанд ва худашон ҳам зери хатари борону селоб ҳастанд. Қалъаи Бӯст, яке аз намунаҳои дигаре дар Афғонистон аст, ки мардуми бесарпаноҳ биноҳои бостониро вайрон мекунанду барои худ дар онҳо хона месозанд.

Шоҳмуҳаммад Ҳасрат, муаррих ва нависандаи китоб дар бораи Қалъаи Бӯст мегӯяд, “ин қалъа барои мардум аҳамияти зиёд дорад. Ба ҳайси як зиёратгоҳ барояшон арзишманд аст. Агар ҳукумат иҷоза бидиҳад, бовар дорам, ки ҳар ҷумъа ҳазорон нафар ба дидани он меоянд.”

Қалъаи Бӯст дар вилояти Ҳилманд барои як тоқчааш бисёр машҳур аст, ки аз масҷиди бостоние аз асри 11 боқӣ мондааст. Аксашро дар як пули коғазии Афғонистон ҳам дарҷ кардаанд.

Филип Маркус, мудири ҳайати бостоншиносони Фаронса дар Афғонистон гуфт, ки “бисёр мехоҳем, як коре анҷом диҳему ин биноҳоро ҳифз кунем. Шояд дубора ин ҷойҳоро таҳқиқ кунем ва баъзе аз биноҳоеро, ки муҳофизат карда метавонем, мумкин аст, ба як парки бостонӣ табдил шаванд.”

Бинобар ҷангу даргириҳои чанд моҳи ахир дар Ҳилманд ҳазорон нафар аз хонаҳояшон гурехтаанд ва дар маркази вилоят шаҳри Лашкаргоҳ паноҳ бурдаанд. Теъдоде аз онҳо дар ин бозор дар наздикии Қалъаи Бӯст ва Қалъаи Кӯҳна кору зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG