Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусофирбарҳо миёни Андиҷону Ӯш дубора ба ҳаракат даромаданд


Равуои нақлиёти мусофирбар миёни шаҳрҳои Андиҷони Узбекистон ва Ӯши Қирғизистон аз 1 июн дубора оғоз шуд.

Ба огаҳии Вазорати нақлиёти Узбекистон, 12 микроавтобуси замонавии ширкати қирғизии "Transordo" рӯзи сешанбе дар масири мазкур мусофирбариро оғоз карданд. Ин масири мусофиркашонӣ охирҳои моҳи сентябри соли 2019 боз шуда буд.

Вале соли гузашта ба иллати пандемияи коронавирус равуо дар он қатъ карда шуд. Масири Андиҷон-Ӯш 45 километр дароз аст.

Дар Вазорати нақлиёти Узбекистон гуфтанд, мусофирон, ки аз марзи ду кишвар мегузаранд, бояд натиҷаи озмоиши коронавирусро навро ва шаҳрвандони Узбекистон бояд шиносномаи хориҷӣ дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG