Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар Донишкадаи технологии Кӯлоб


Сӯхтор дар Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионии Кӯлоб. Акс аз ҳафтаномаи "Пайк".
Сӯхтор дар Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионии Кӯлоб. Акс аз ҳафтаномаи "Пайк".

Бар асари сӯхтор дар Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар Кӯлоб, қисмате аз бинои ин муассисаи таълимӣ осеб дидааст. Бино ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб, оташсӯзи соати 3:50 бомдоди 3-юми июн сар задааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби оташсӯзиро "риоя накардани меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор" гуфтааст. Ба иттилои ВКХ, оташ 200 метри мураббаъ болопуши боми бино ва толори маҷлисгоҳи донишкадаро фаро гирифтааст. Аз ҷониби мақомот таҳқиқи ҳодиса оғоз шуда, зарари оташсӯзи муайян карда мешавад.

XS
SM
MD
LG