Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар мулоқоти Раҳмону Имрон Хон беш аз 10 санади ҳамкорӣ имзо шуд. ВИДЕО


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи Исломобод. Акс аз вебсайти президенти Тоҷикистон. 2 июни соли 2021
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи Исломобод. Акс аз вебсайти президенти Тоҷикистон. 2 июни соли 2021

Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Покистон Имрон Хон дар шаҳри Исломобод рӯзи 2-юми июн, дувоздаҳ санади ҳамкорӣ имзо шуд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Исломобод мегӯяд, дар миёни санадҳои имзошуда созишномаҳои ҳамкории миёни донишгоҳҳо, палатаҳои тиҷорату саноати Тоҷикистону Покистон, ёддошти тафоҳум миёни ниҳодҳои мубориза бо фасод, сохторҳои кӯмаки изтирорӣ, созишномаҳои ҳамкории миёни вазоратҳои фарҳанг, нақлиёт ва корҳои хориҷии ду кишвар мебошанд. Дар поёни мулоқоти ду раҳбар изҳороти муштарак оид ба қадамҳои баъдӣ дар бунёди ҳамкорҳои стратегӣ ва ҳам ҳамгироии минтақавӣ қабул шуд.

Ҷузъиёти ин ҳамкориҳо нашр намешавад.

Дар мулоқоти Раҳмону Имрон Хон беш аз 10 санади ҳамкорӣ имзо шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:40 0:00

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2-юми июн дар садри як ҳайати ҳукуматӣ бо як сафари дурӯза вориди Исломобод шуд.

Мақомоти ду кишвар гуфтанд, ки ин мулоқот барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба равона шудааст. Айни замон, ин сафар дар пасманзари хурӯҷи нирӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон – ҳамсояи муштараки Тоҷикистону Покистон ва ҷараёни музокироти сулҳи байниафғонии ҳукумат ва Толибон сурат мегирад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, мавзӯи Афғонистон баъди берун шудани нирӯҳои хориҷӣ ва сари кор омадани Толибон дар ин кишвари ҷангзада яке аз масоили калидии мавриди баррасӣ дар сафари Раҳмон ба Покистон хоҳад буд.

Равобити дипломатии миёни Тоҷикистону Покистон соли 1992 барқарор шуда, ду кишвар дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Созмони Кишварҳои Исломӣ ҳамкорӣ доранд. Айни замон, сиёсатҳои ду ҳукумат, ба вижа дар масоили дину мазҳаб аз ҳам тафовут дорад. Соли 2010 ҳукумати Тоҷикистон гуфт, дар амри мубориза бо ифротишавии ҷавонон, донишҷӯҳояшро аз кишварҳои исломӣ бармегардонад. Яке аз ин кишварҳо Покистон буд, ки ба қавли мақомоти тоҷик, дар ин ҷо созмону гурӯҳҳои аз назари мақомоти расмии Душанбе "номатлуб" ва "ифротӣ" фаъол мебошанд.

XS
SM
MD
LG