Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайвандонаш гуфтанд, Мирзои Ҳоҷимуҳаммадро "барои навиштааш дар Фейсбук" зиндонӣ кардаанд. ВИДЕО


Акс аз саҳифаи фейсбукии Мирзои Ҳоҷимуҳаммад
Акс аз саҳифаи фейсбукии Мирзои Ҳоҷимуҳаммад

Мирзои Ҳоҷимуҳаммад (Мирзоқул Ҳоҷиматов), пизишк ва яке аз раҳбарони пешини ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд, ба панҷ сол зиндон маҳкум шудааст. Мақомот ӯро 22-юми май боздошт ва ба узвият дар созмонҳои мамнуъ айбдор карданд. Наздиконаш мегӯянд, Мирзои Ҳоҷимуҳаммад баъд аз соли 2015 узви ягон ҳизбу гуруҳ набуд, балки дар бемористони вилояти Тюмени Русия кор мекард.

Як манбаи наздик ба тафтишот бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 2-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми Мирзои Ҳоҷимуҳаммад (Мирзоқул Ҳоҷиматов) 1-уми июн дар бинои СИЗО-и рақами ду дар Хуҷанд эълон шуд.

Вакили мудофеъ, Абдусалом Дадобоев, ҳам содир шудани ҳукмро тасдиқ кард ва гуфт, аз рӯйи қарори додгоҳ ба зинаи болоӣ шикоят мебаранд, аммо аз ин зиёд шарҳ надод.

Мақомот чизе намегӯянд, наздикон аз Фейсбук гуфтанд

Тафтиши парвандаи Мирзои Ҳоҷимуҳаммад (Мирзоқул Ҳоҷиматов) тахминан 4 моҳ пеш сар шуда, ӯ замони тафтиш дар озодӣ буд. Мақомот 22-юми май ӯро дастгир карда, ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол доданд. Баррасии парвандаро Додситонии ноҳияи Ашт анҷом додааст.

Рӯзи 2-юми июн дар Додгоҳи ноҳияи Ашт ҳозир нашуданд, ҷузъиёти парвандаро ба Радиои Озодӣ бигӯянд. Пештар вакили мудофеъ гуфта буд, ки ин сокини ноҳияи Ашт бо иттиҳоми узвият дар ташкилоти экстремистӣ (моддаи 307, иловаи 3-и Кодеки ҷиноӣ) муттаҳам аст.

Пайвандонаш мегӯянд, ҳамин қадар фаҳмиданд, ки далели асосӣ ба зидди Мирзои Ҳоҷимуҳаммад “як навиштааш дар Фейсбук будааст”, вале ба сабаби он ки дар Русия ҳастанду ҳанӯз нусхаи ҳукмро нагирифтаанд, ҷузъиёт дода наметавонанд. Мирзои Ҳоҷимуҳаммад яке аз корбарони фаъоли Фейсбук буд ва солҳои охир асосан ҳамчун пизишк дар бораи масъалаҳои беҳдоштӣ ва бахусус роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус изҳори назар мекард. Дақиқ нест, кадом навиштаи ӯ боис ба зиндонӣ шуданаш гардидааст.

Баъд аз оғоз шудани тафтишот худи ӯ дар ин бора чизе нанавишта буд.

Пайвандонаш гуфтанд, Мирзои Ҳоҷимуҳаммадро "барои навиштааш дар Фейсбук" зиндонӣ кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

"Соли гузашта ба Тоҷикистон рафтанд, мушкиле набуд"

Наздиконаш гуфтанд, Мирзои Ҳоҷимуҳаммад ё Мирзоқул Ҳоҷиматов умедвор буд, ки қатъи фаъолияташ ҳамчун узви ҳизб метавонад, сабаби афв шуданаш гардад. Биноан, пас аз оғози парванда кишварро тарк накард. Наздиконаш мегӯянд, ба бегуноҳии ӯ бовар дошта, мунтазири ҳукми одилона буданд.

Фарҳод Ҳоҷиматов, писари Мирзоқул Ҳоҷиматов, рӯзи 2-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, аз соли 2015 ба ин тараф падараш бо мақомот ҳеч мушкил надошт: “Чанд сол пеш барои афв рафта буданд, мақомот гуфта буданд, ба афв эҳтиёҷ надоред, бемалол гардед. Соли гузашта дар вақти вафоти бародарашон рафта буданд. Ҳеч мушкил набуд."

Фарзандонаш гуфтанд, ӯ пизишки бемористоне дар Тюмен буд
Фарзандонаш гуфтанд, ӯ пизишки бемористоне дар Тюмен буд

Мирзои Ҳоҷимуҳаммад аз соли 2019 дар вилояти Тюмени Русия кору зиндагӣ мекард ва 4-уми феврали имсол ба дидорбинии наздикон ба Тоҷикистон омада буд. Фарзандонаш гуфтанд, ӯ бояд 19-уми феврал ба Русия бармегашт, вале ногаҳонӣ ба зидди ӯ парванда дуруст кардаанд.

Пайвандони Мирзоқул Ҳоҷиматов мегӯянд, ба зидди ҳукми додгоҳ шикоят мекунанд, аммо дар мавриди тағйири парванда ва ҳукм интизории зиёд надоранд. Онҳо мегӯянд, умедашон ба афве аст, ки интизор меравад бахшида ба сисолагии истиқлоли Тоҷикистон эълом шавад. Чизе, ки мақомот дар борааш расман чизе нагуфтаанд.

Мирзои Ҳоҷимуҳаммади 63-сола дар гузашта дар мақоми муовини раиси Ҳизи ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд кор карда, ба қавли наздиконаш, моҳи апрели соли 2015 "бо хоҳиши худ аз сафи ҳизб берун шуда буд". Ба иттилои наздикон, Мирзои Ҳоҷимуҳаммад дар пурсиши муфаттишон низ гуфтааст, ки фаъолияти сиёсӣ надорад ва бо аъзои пешини Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ дар иртибот нест.

Мақомоти Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро дар кӯшиши табаддулоти моҳи сентябри соли 2015 гунаҳкор ва то кунун даҳҳо узв ва фаъолонашро боздошту зиндонӣ кардаанд. Раҳбарони ҳизб дар хориҷа даст доштани худро дар ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 рад карда, онро баҳонаи аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон берун рондани "дуюмин ҳизби сиёсии пуртарафдор" номиданд. Ин ҳизб дар соли 2015 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон ифротгаро ва дертар террористӣ эълону фаъолияташ дар қаламрави кишвар манъ шуд.

XS
SM
MD
LG