Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Руминияву Итолиё эмкунии наврасонро бар зидди COVID-19 шурӯъ карданд


31 май, пойтахти Руминия, шаҳри Бухарест
31 май, пойтахти Руминия, шаҳри Бухарест

Дар Руминия ва Итолиё – ду кишвари аврупоӣ маъракаи эмкунӣ бар зидди COVID-19 дар миёни наврасон шурӯъ мешавад. Барои наврасони аз 12-сола боло гирифтани воксинаи ширкатҳои BioNTech/Pfizer иҷозат мешавад ва ин ду кишвар аввал шуда ба эмкунии ноболиғон шурӯъ карданд.

Иттиҳоди Аврупо рӯзи 31-уми май иҷозаи эмкунии наврасонро содир кард. Ҳоло тасмим бо ҳукумати ҳар 27 узви Иттиҳоди Аврупо аст, ки оё ин барномаро дар кишвари худ пиёда мекунанд ё на. Дар Руминия эмкунии наврасон аз 1-уми июн шурӯъ мешавад ва Итолиё гуфт, ки чунин иҷозаро додааст.

Дар ҷаҳон ИМА ва Аврупо пештози барномаи эмкунии аҳолӣ бар зидди COVID-19 мебошанд ва ин чиз ба онҳо имкон медиҳад, ки иқтисоди худро боз карда маҳдудиятҳоро сабуктар кунанд.

XS
SM
MD
LG