Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон донишҷӯён, хабарнигорон ва нависандагонро ваксина мезананд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар Узбекистон рӯзи 31-уми май марҳилаи нави ваксиназанӣ шуруъ шуд. Ин дафъа донишҷӯёне, ки ба хориҷ барои таҳсил мераванд, рӯзноманигорон, блогерҳо, нависандагон ва кормандони ширкатҳои радиову телевизиониро ваксина мегиранд.

Дар ин бора Насиба Тоирова, як мақомдори беҳдоштии Узбекистон рӯзи 31-уми май хабар дод.

Марҳилаи аввали ваксиназании зидди коронаврус дар Узбекистон аз ваксинзании сокинони аз 65-сола боло, кормандони соҳаи тиб, омӯзгорон, кормандони муассисаҳои томактабӣ ва афроди дорои бемориҳои музмин шуруъ шуда буд.

XS
SM
MD
LG