Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои Ryanair дар Берлин нишасти изтирорӣ анҷом дод


Ҳавопаймои ширкати Ryanair, ки бо талаби мақомоти Беларус дар Минск фуруд оварда шуд
Ҳавопаймои ширкати Ryanair, ки бо талаби мақомоти Беларус дар Минск фуруд оварда шуд

Ширкати ирландии Ryanair гуфт, як ҳавопаймои он, ки рӯзи 30-юми май дар хатсайри Дублин-Краков парвоз мекард, баъд аз дарёфти огоҳии "хатари эҳтимолии амниятӣ" дар Берлин нишасти изтирорӣ анҷом дод.

Ryanair дар изҳороте рӯзи 31-уми май гуфт, тими назорати ҳавоии Олмон халабонҳоро огоҳ кард, ки хатари эҳтимолӣ вуҷуд дорад ва раҳбари халабонҳо мутобиқ бо талаботи қоида дар наздиктарин фурудгоҳ, ки он вақт Берлин буд, нишаст анҷом дод.

Дар изҳорот омадааст, ҳамаи бору бағоҷи мусофирон ва худи онҳо аз назари полиси Олмон гузаштанд ва ҳеч як манбае барои хатар пайдо нашуд.

Дар ниҳоят, ҳавопаймо бо 160 мусофир бо таъхири 7-соата дар фурудгоҳи шаҳри Кракови Полша нишаст. Дар бораи ин ки ҳавопаймо таҳдиди таркиши бомба дарёфт кардааст, нашрияҳои зарди Bild ва BZ хабар доданд, вале на полис ва на маъмурияти Ryanair ин хабарҳоро тасдиқ накарданд.

Ин ҳодиса дар ҳолест, ки 23-юми май ҳавопаймои ширкати Ryanair бо талаби мақомоти Беларус дар Минск фуруд омад. Мақомот гуфтанд, таҳдиди амниятӣ гирифтаанд, вале аз дохили ҳавопаймое, ки аз Афина ба Вилнюс мерафт, бомба пайдо нашуд, балки як журналисти мухолифи ҳукумати Беларус боздошт шуд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ чунин рафтори Беларусро маҳкум кард. Аврупо парвозҳоро бо Беларус бас намуд.

XS
SM
MD
LG