Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борис Ҷонсон гуфт, G7 бояд масъалаи шиносномаи COVID-19-ро баррасӣ кунад


Нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон гуфт, ки мехоҳад дар ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои Гурӯҳи Ҳафтгона ё G7 созишеро дар заминаи қабули шиносномаи шахси эмшуда алайҳи COVID-19 баррасӣ кунанд. Ҷонсон рӯзи 30-юми май дар сӯҳбат бо телевизиони канадаии CBC гуфт, ки дар ҷаласаи раҳбарони G7 бояд сари масоили мисли “шиносномаи COVID-19 ва дигар масоили марбут ба коронавирус” изҳори назар шавад. Ба гуфтаи ӯ, бояд масоили марбут ба сайру саёҳати мардум ва ҳам ҳозир шудан дар идораҳои корӣ баррасӣ гардид.

Ба гуфтаи ӯ, Бритониё яке аз кишварҳои шадидан осебдида аз пандемияи коронавирус ба ҳисоб мерафт ва ба шарофати босуръат роҳандозӣ шудани маъракаи эмкунӣ, вазъият мӯътадил шуд ва ҳам аксар бахшҳои иқтисод дубора боз шуданд. Ҷонсон гуфт, ки пандемия нишон дод, ки чӣ гуна ҳар кишвар дар фикри ҳимояти худ ва дастрасӣ ба таҷҳизоту воксинаҳо ба мизони ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар осеб расонид. Ӯ гуфт, “ҳоло як созиши ҷаҳонӣ барои омодагӣ ба пандемия лозим аст”. Ҷонсон инчунин гуфт, ки кишварҳои пешрафта бояд ба кишварҳои сатҳи иқтисодиашон паст дар дастрасӣ ба воксина ёрӣ расонанд.

XS
SM
MD
LG