Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши Тошканду Маскав барои истеҳсоли "Спутник V" дар Узбекистон


Узбекистон ва Русия дар мавриди истеҳсоли ваксинаи русии зидди коронавирус -- "Спутник V" дар Узбекистон ба созиш расиданд.

Вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко дар сафар ба Тошканд гуфт, Узбекистон аллакай барои истеҳсоли ваксина маконеро ҷудо кардааст.

"Дар доираи дастури президентҳои Русия ва Узбекистон барои истеҳсоли ваксинаи "Спутник V" дар он кишвар созиш кардем", - иқтибос овардааст РИА Новости аз суханони Мурашко.

Нахустин мояҳои ваксинаи "Спутник V" 23-юми апрели соли равон ба Узбекистон интиқол дода шуда буд.

XS
SM
MD
LG