Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Стивен Сигал, ҳунарпешаи Ҳолливуд, ба сафи ҳизби тарафдори Кремл пайваст


Стивен Сигал. Акс аз бойгонӣ
Стивен Сигал. Акс аз бойгонӣ

Стивен Сигал, ҳунарпешаи машҳури Ҳолливуд, ки шаҳрвандии Русияро дорад, ба як ҳизби сиёсии тарафдори Кремл пайваст.

Ҳизби "Справедливая Россия" тақрибан аз ҳама ташаббусҳои Кремл ва президент Владимир Путин пуштибонӣ мекунад, вале ҳамзамон дар маъракаҳои интихоботӣ рақиби ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" шумурда мешавад.

Дар як маросим, рӯзи 29-уми май, Сигал дар паҳлӯи яке аз пешвоёни ҳизб, нависандаи рус Захар Прилепин, ки бо ҷудоихоҳони пуштибони Русия дар шарқи Украина шарик аст, тасвир ёфтааст.

Сигали 69-сола, ки бо Путин робитаи наздик дорад, соли 2016 шаҳрвандии Русияро соҳиб шуд. Ӯ дар чанд филми Ҳолливуд нақш офаридааст, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва сипас дар Русияву ҷумҳуриҳои дигари Шӯравии собиқ маъруф ҳастанд.

Вазорати корҳои хориҷии Русия соли 2018 Стивен Сигалро ҳамчун фиристодаи вижа дар мавриди робитаҳои фарҳангӣ бо Амрико таъин кард.

XS
SM
MD
LG