Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати шаш нерӯи амниятии Афғонистон бар асари таркиши бомби канори роҳ


Хатти роҳи оҳан. Акс аз бойгонӣ
Хатти роҳи оҳан. Акс аз бойгонӣ

Бар асари таркиши бомбаи канори роҳ дар наздикии сохтмони роҳи оҳан, ки шарқи Эронро бо вилояти Ҳироти Афғонистон хоҳад пайваст, шаш нерӯи амниятии Афғонистон кушта шудаанд. Волии Ҳирот гуфт, нерӯҳои амниятӣ хатти роҳи оҳанро дар ноҳияи Ғориён посбонӣ мекарданд. Ҳодиса рӯзи 29-уми май рӯй дод.

Ин роҳи оҳан 225 километр дарозӣ дорад ва ҳангоми ба поён расидани сохтмонаш шаҳри Хуфи Эронро бо шаҳри Ҳироти Афғонистон мепайвандад.

140 километри он сохта ва моҳи декабри соли 2020 ифтитоҳ шуд. Он ҳангом як қатори боркаш панҷсад тонна сементро аз истгоҳи Хуфи Эрон ба истгоҳи Равзанак дар ғарби Афғонистон интиқол дод.

Рӯзи 29-уми май дар минтақаҳои дигари Афғонистон низ ҳамлаҳо сурат гирифтанд. Бар асари зарбаи миномёт ба тӯйи арӯсӣ дар вилояти Каписо дастикам ҳафт нафар кушта шуданд.

Пештар аз ин, дар натиҷаи бархӯрдани бомби канори роҳ ба мусофирбари ҳомили донишҷӯён ва устодони донишгоҳи Парвон камаш чаҳор нафар ҷон бохта, 11 тани дигар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG