Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон дар Дубай бозии дӯстонаро бо Тайланд мусовӣ кард


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳангоми бозӣ бо тими Ироқ
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳангоми бозӣ бо тими Ироқ

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии байналмилалии дӯстонаро бо тими миллии Тайланд бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод. Ин бозӣ шаби 29-уми май дар варзишгоҳи Холид Бин Муҳаммади шаҳри Шарҷаи Имороти Муттаҳидаи Араб доир гардид.

Ҳар чор гол дар нимаи дуюми дидор зада шуд. Ҳисобро Муеанта Суфанат, бозигари мунтахаби Тайланд, дар дақиқаи 50-ум кушод. Баъд аз ҳашт дақиқа голи дуюми тайландиҳоро боз ҳам ин ҳамлагар ба ҳадаф расонд – 2:0. Дар дақиқаи 63-юм Эҳсони Панҷшанбе ҳисобро тағйир дод - 1:2. Ва дар дақиқаи охирини бозӣ Ислом Зоиров ҳисобро баробар кард - 2:2.

Пештар бозии байналмилалии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Ироқ ва Тоҷикистон, ки 24-уми май дар варзишгоҳи "Ал-Файҳа"-и шаҳри Басра баргузор шуд, бо ҳисоби 0:0 ба анҷом расид.

Мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар бораи натиҷҳои ду бозии дӯстона бо тимҳои миллии Ироқ ва Тайланд гуфт, “бозии аввали мо бо мунтахаби Ироқ дар Басра дар ҳавои хеле гарм сурат гирифт. Ҳарчанд бозӣ чандон ҷолиб набуд, аз ин натиҷа бачаҳои мо бовар ҳосил карданд, ки метавонанд ба дастаи пурқувват муқобилият нишон диҳанд. Дар бозии дуюм бо мунтахаби Тайланд бозигарони мо характери худро нишон доданд. Дар ҷараёни рақобат ҳисоб 2:0 ба нафъи тайландиҳо буд. Вале аз ин ҳисоб футболбозони мо рӯҳафтода нашуданд ва ҳамлаҳои пайиҳами онҳо самар овард. Дар ин ду бозӣ бозигарони ҷавони мо таҷрибаи байналмилалӣ касб карданд. Хатоҳои зиёд ошкор шуд ва мо дар ҷараёни омодагӣ аз пайи ислоҳи онҳо мешавем.”

Ҷамъомади таълимиву тамринии тими миллии Тоҷикистон дар Дубай то 3-юми июн идома хоҳад кард. Сипас футболбозони тоҷик ба Осакаи Ҷопон сафар мекунанд ва дар он ҷо ду бозии боқимондаашонро дар доираи марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили дастаҳои мунтахаби Ҷопон (7-уми июн) ва Мянмар (15-уми июн) анҷом медиҳанд.

Бозии дӯстона

Тайланд – Тоҷикистон – 2:2

Голҳо: Муеанта Суфанат, 50 (1:0). Муеанта Суфанат, 58 (2:0). Эҳсони Панҷшанбе, 63 (2:1). Ислом Зоиров, 89 (2:2).

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ханонов, Давронҷон Эргашев (Зоир Ҷӯрабоев, 77), Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Муҳаммадҷон Раҳимов (Нуриддин Ҳамроқулов, 46), Эҳсони Панҷшанбе, Комрон Турсунов (Рустам Соиров, 46), Илҳомҷон Баротов (Шериддин Бобоев, 46, Парвизҷон Умарбоев, 72), Алиҷони Айнӣ (Ислом Зоиров, 46), Шаҳром Самиев.

Сардовар: Султон Муҳаммад Солеҳ (Имороти Муттаҳидаи Араб).

29-уми май. Шарҷа, Имороти Муттаҳидаи Араб. Варзишгоҳи Холид Бин Муҳаммад.

XS
SM
MD
LG