Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қирғизистон гуфт, артиши кишвараш омода аст


Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон
Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон гуфтааст, артиши кишвараш барои саркуби ҳар гуна иқдоме, ки ба тамомияти арзии давлат таҳдид мекунад, омодааст.

Ӯ рӯзи 29-уми май дар “Рӯзи неруҳои мусаллаҳ”-и Қирғизистон чунин изҳорот дод.

Ба гуфтаи ӯ, Қирғизистон бояд барои ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва ҳифзи сохти конститутсионӣ тавоноии низомии худро таҳким бахшад.

Ҷабборов гуфт, артиш бояд пурра бо навтарин таҷҳизот муҷҷаҳаз шавад ва дар марз низ ихтиёриён аз ҳисоби сокинони маҳаллиро барои ҷилавгирӣ аз таҳдиду ҳамла омода созанд.

Аз ин пеш, президенти Қирғизистон ҳангоми сафараш ба вилояти Бодканд гуфт, ки пас аз муноқишаи хунин дар марз бо Тоҷикистон ба хулоса расиданд, ки бояд тамоми талошро барои ҳифзи марз анҷом диҳанд.

Дар муноқишае, ки рӯзҳои 28-29-уми апрел дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯх дод, 36 қирғизистонӣ ҳалок ва 204 нафар маҷрӯҳ шуд.

Аз тарафи Тоҷикистон 19 нафар кушта шуд ва 87 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Ҷонибҳо ҳамдигарро дар сар задани низоъ муттаҳам карданд.

XS
SM
MD
LG