Ду муштзани тоҷик – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев, ки дар даври ниманиҳоии мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб мағлуб шуданд, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.
Сабқати нимфиналӣ 28-уми май баргузор шуд. Баҳодур Усмонов, қаҳрамони феълии Осиё, дар вазни то 64 кило аз Шива Тана аз Ҳиндустон ва Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило аз Дилшод Рӯзметов аз Узбекистон шикаст хӯрданд. Ба ҷуз аз медали биринҷӣ, ҳарду варзишгари тоҷик бо ҷоизапулӣ ҳаркадом ба маблағи 2500 доллари ИМА мукофотонида шуданд.
Дар сабқати мардон дар финал 31-уми май ҳафт муштзан аз Узбекистон, панҷ нафар аз Қазоқистон, сенафарӣ аз Муғулистону Ҳиндустон ва ду нафар аз Эрон барои унвони қаҳрамонӣ, медалҳои тилло ва ҷоизаҳои молӣ мубориза мебаранд.Ёдовар мешавем, қаблан дар Дубай дар сабқати занон ду варзишгари тоҷик - Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило ва Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60 кило, ки дар даври ниманиҳоӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд, медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд. Миҷгона қувваозмоиро ба намояндаи Узбекистон Ситора Турдибекова ва Шоира ба варзишгари Индонезия Ҳасанан Ҳусватун бохтанд.
Мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар Дубай аз рӯи 10 дараҷаи вазнӣ миёни занон (48 кг; 51 кг; 54 кг; 57 кг; 60 кг; 64 кг; 69 кг; 75 кг; 81 кг; +81 кг) ва 10 дараҷаи вазнӣ миёни мардон (49 кг; 52 кг; 56 кг; 60 кг; 64 кг; 69 кг; 75 кг; 81 кг; 91 кг; +91 кг) сурат гирифтааст.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 11 муштзан шомил буд. Аз байни онҳо чаҳор нафар (ду зан ва ду мард) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Ғолибони қаҳрамонии бокси Осиё дар Дубай бори аввал дар таърихи ин мусобиқаи қитъавӣ аз Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) мукофотпулӣ мегиранд. Маблағи умумии ҷоизаҳо 400 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барои варзишгароне, ки дар вазни худ (ҳам мардон, ҳам занон) ҷойи аввалро мегиранд, 10 000 доллар, барои ҷойи дуюм 5000 доллар ва барои ду ҷойи сеюм 2500-долларӣ супурда мешавад.
Ёдовар мешавем, Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев Тоҷикистонро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио, ки аз 23-юми июл то 8-уми августи соли равон баргузор мешавад, намояндагӣ мекунанд.