Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор варзишгари тоҷик ба нимфинали қаҳрамонии бокси Осиё роҳ ёфтанд


Муштзани маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов (аз рост)
Муштзани маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов (аз рост)

Чаҳор муштзани тоҷик - Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев, Миҷгона Самадова ва Шоира Зулқайнарова - ба даври ниманиҳоии мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё-2021, ки дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб ҷараён дорад, роҳ ёфтанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки дар Дубай то 1-уми июн идома меёбад, аз рӯи 10 дараҷаи вазнӣ миёни занон (48 кг; 51 кг; 54 кг; 57 кг; 60 кг; 64 кг; 69 кг; 75 кг; 81 кг; +81 кг) ва 10 дараҷаи вазнӣ миёни мардон (49 кг; 52 кг; 56 кг; 60 кг; 64 кг; 69 кг; 75 кг; 81 кг; 91 кг; +91 кг) сурат гирифтааст.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 11 муштзан шомил аст. Аз байни онҳо чаҳор нафар ба нимфинал роҳ пайдо карданд.

Дар сабқати мардон Баҳодур Усмонов, қаҳрамони феълии Осиё, дар вазни то 64 кг бар Пануаян Ҷон Паул аз Филиппин бо накаути техникӣ ва Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кг бар Нурӣ Силаб аз Афғонистон ғолиб омада, ба нимфинал баромаданд.

28-уми май дар нимфинал Баҳодур Усмонов бо Шива Тана аз Ҳиндустон ва Шаббос Неъматуллоев бо Дилшод Рӯзметов аз Узбекистон вориди рақобат мешаванд.

Инчунин ду муштзани тоҷик дар сабқати занон дар нимфинал ширкат меварзад. Дар даври ниманиҳоӣ имрӯз, 27-уми май, Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кг бо Ситора Турдибекова аз Узбекистон ва Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60 кг бо Ҳасанан Ҳусватун аз Индонезия нерӯсанҷӣ мекунанд.

Ғолибони қаҳрамонии бокси Осиё дар Дубай бори аввал дар таърихи ин мусобиқаи қитъавӣ аз Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) мукофотпулӣ мегиранд. Маблағи умумии ҷоизаҳо 400 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барои варзишгароне, ки дар вазни худ (ҳам мардон, ҳам занон) ҷойи аввалро мегиранд, 10 000 доллар, барои ҷойи дуюм 5000 доллар ва барои ду ҷойи сеюм 2500-долларӣ супурда мешавад.

XS
SM
MD
LG