Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти муҳоҷират гуфт, Путин як муҳоҷири тоҷикро қадрдонӣ кард


Як замини кишти карам дар беруни Маскав. Акс аз соли 2017
Як замини кишти карам дар беруни Маскав. Акс аз соли 2017

Президенти Русия як муҳоҷири тоҷикро қадрдонӣ кардааст. Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, шаҳрванди Тоҷикистон Парвиз Камолов дар ҳавзаи Шимолу Ғарби ин кишвар дар паҳнои 100 гектар замини кишоварзӣ ба парвариши сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тоза машғул будааст. Заҳмати шаҳрванди Тоҷикистонро ҳукумати Русия ба инобат гирифта, бо фармони Владимир Путин ӯ бо ифтихорнома ва медали хотиравӣ супоридааст. Хадамоти муҳоҷират рӯзи 28-уми май навишт, ки Парвиз Камолов дар давраи пандемияи коронавирус барои муҳоҷирони тоҷику оилаҳои онҳо, донишҷӯён ва дигар шахсони эҳтиёҷманд ҳам дасти ёрӣ дароз кардааст.

Қадрдонии заҳмати муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар ҳолатҳои хеле кам рӯй медиҳад, чун сиёсати ин кишвар нисбати коргарони хориҷӣ чандон ҳамвор нест ва ҳукумати Русия барои муҳоҷирситезӣ зиёд интиқод шудааст.

XS
SM
MD
LG