Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири пешини Қирғизистон Темир Сариев бозпурсӣ шудааст


Темур Сариев, сарвазири пешини Қирғизистон.
Темур Сариев, сарвазири пешини Қирғизистон.

Сарвазири собиқ ва яке аз номзадҳои пешин ба мақоми президентии Қирғизистон Темур Сариев дар доираи парвандаи кони тилои Қумтор ҳамчун шоҳид ба Кумитаи амнияти миллии он кишвар даъвату бозпурсӣ шудааст.

Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев пештар хабар дод, ки дар робита ба кони Қумтор чор парванда боз шудааст. Ба гуфтаи ӯ, гумонбари парвандаи аввал сарвазири пешини Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев аст, ки ба фасодкорӣ айбдор мешавад.

"Дар доираи ин парвандаҳо мансабдорони зиёде гумонбар ҳастанд, ки он замон фаъолият доштанд. Дар миёни онҳо вакилони порлумони Қирғизистон ҳам мебошанд", - изҳор дошт Тошиев. Аммо вай аз гуфтани ному насаби онҳо худдорӣ намуд.

Ба гуфтаи Тошиев, парвандаи дувум ба ҷудо кардани 24 ҳектар замин барои ширкати "Қумтор Голд Компанӣ" дахл дорад. Парвандаи севум ба андозу пардохтҳои бима рабт дошта, ба он намояндагони Бунёди иҷтимоӣ ва Хадамоти андоз гумонбар ҳастанд.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 17-уми май ба девони вазирон дастур дод, ки дар ширкати "Қумтор Голд Компани" мудирияти муваққат ҷорӣ кунад.

Кони тилои Қумторро дар Қирғизистон ширкати канадагии Centerra Gold Inc. коркард мекунад. Ин ширкат аз тасмимҳои охир дар Қирғизистон нигарон аст. Ширкат гуфт, ба додгоҳи ҳакамии байналхалқӣ шикоят хоҳад бурд.

Қумтор калонтарин кони тилои Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Қирғизистон дар ин кон 26 дарсад саҳм дорад.

XS
SM
MD
LG