Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин дастгоҳҳои фосилавии руҳияшиносро дар уйғурҳо меозмояд


Коргарони чинӣ ҳангоми насби дурбинҳо. Акс аз бойгонӣ
Коргарони чинӣ ҳангоми насби дурбинҳо. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Чин дастгоҳҳо ва афзорҳои ба таври фосилавӣ муайянкунандаи руҳияи шахсиро дар зиндониҳои уйғуртабор меозмояд. Дар ин бора Би-би-сӣ бо такя ба як созандаи ин дастгоҳҳо иттилоъ дод.

Бисёре аз кишварҳои дунё Пекинро дар наслкушии уйғуртаборон айбдор мекунанд. Дар минтақаҳои уйғурнишин низоми сартосарии назорати рақамӣ ҷорӣ шудааст.

Созандагони дастгоҳҳои муйянкунандаи руҳияи шахсӣ, ки ба далели бехатарӣ нахостаанд, номашон зикр шавад, дар суҳбат бо Би-би-сӣ аз таҷрибаи муайянсозии руҳия тавассути дурбинҳо нақл кардаанд. Айни замон ин дастгоҳҳо барои муйянсозии руҳияи зиндониҳо истифода мешаванд ва аз озмоиш мегузаранд.

Абзорҳои муайянкунандаи руҳия тавассути дурбинҳои назоратӣ чанд сол аст, ки дар истифода ҳастанд. Созандагони ин абзорҳо мегӯянд, агар равоншиносон имкони муайян кардани эҳсосоти пӯшидаи инсонро доранд, чаро дастгоҳҳо надошта бошанд?!

Дар Ғарб созандагони дастгоҳҳои мазкур ин низомро барои муайян сохтани руҳияи харидорон ва истеъмолгарон истифода мекунанд.

Дар минтақаи Шинҷон-Уйғури Чин, ки сокинонаш мусалмон ҳастанд, мақомот дурбинҳои назоратӣ насб кардаанд. Ҳамаи иттилои марбут ба сокинон дар ихтиёри пулиси Чин аст.

Мақомоти Чин наслкушии уйғурҳоро рад мекунанд

XS
SM
MD
LG