Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду деҳа дар марз бо Узбекистон расман ба ҳайати Қазоқистон ворид шудааст


Деҳаи Боғис
Деҳаи Боғис

Заминҳои ду минтақаи аҳолинишин - Боғис ва Хиёбон - дар марзи Узбекистон бо Қазоқистон расман ба ҳудуди вилояти Туркистони Қазоқистон ҳамроҳ карда шуданд. Дар ин бора рӯзи 25-уми май сомонаи сарвазири Қазоқистон хабар додааст.

Ба иттилои расмии мақомоти Қазоқистон, ҳудуди умумии ду деҳа 795,62 га заминро ташкил медиҳад.

Деҳаи Боғис дар 150-километрии Чимкент воқеъ аст. Дар ин деҳа 1200 кас зиндагӣ мекунад. Сокинони деҳа дар соли 2001 аз "таъсиси ҷумҳурии мустақил" хабар дода буданд.

Сокинон дар воқеъ намедонистанд, ки ба кадом кишвар тааллуқ доранд - Қазоқистон ё Узбекистон. Дар ниҳоят, деҳа ба ҳудуди Қазоқистон шомил карда шуд, аммо расман ба харитаи Қазоқистон ворид нагардида буд.

XS
SM
MD
LG