Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши сехи "АрселорМиттал Темиртау"-и Қазоқистон ду кас захмӣ шуд


Дар яке аз коргоҳҳои оҳангудозии ширкати "АрселорМиттал Темиртау"-и вилояти Қарағандаи Қазоқистон нимашаби 25-уми май садама рух додааст. Тавре аз Раёсати тандурустии Қарағанда хабар доданд, дар натиҷаи ин садама ду корманд захмӣ шуда, дар беморхона бистарӣ ҳастанд. Вазъашон вазнин арзёбӣ мешавад.

Дар Хадамоти матбуотии "АрселорМиттал Темиртау" рух додани садамаро тасдиқ карданд, вале аз ироаи ҷузъиёти он худдорӣ намуданд. Ҳамчунин нагуфтанд, ки истеҳсоли маҳсулот дар корхона қатъ шудааст, ё не. Мақомоти Қарағанда хабар доданд, ки барои таҳқиқи ҳодиса комиссияи махсус таъсис дода шудааст.

Моҳи марти соли 2021 дар Маркази барқу гармидиҳии рақами 2, ки ба "АрселорМиттал Темиртау"​ тааллуқ дорад, садама рух дода буд. Он замон низ ду корманди ширкат захмӣ шуда, дертар яке аз онҳо ҷон бохт. Мақомот садамаро ҳодисаи нохуш номиданд.

XS
SM
MD
LG