Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Австралия сафораташ дар Кобулро муваққатан мебандад


Соли 2002. Низомиёни Австралия дар Афғонистон
Соли 2002. Низомиёни Австралия дар Афғонистон

Австралия гуфт, ки дар муҳити “номуайяниҳои амниятии афзоянда” дар Афғонистон, ки дар пасманзари хуруҷи нирӯҳои байналмилалӣ аз ин кишвар ба вуҷуд омадааст, дари сафоратхонаашро барои як ҳафта мебандад. Скотт Моррисон, нахуствазири Австралия рӯзи 25-уми май гуфт, ки сафоратхона рӯзи 28-уми май баста мешавад.

ИМА гуфтааст, ки то 11-сентябри имсол нирӯҳояшро аз Афғонистон берун мекашад ва 80 низомии Австралия ҳам дар ҳайати НАТО ният доранд ин кишварро тарк кунанд. Тасмими нирӯҳои байналмилалӣ барои тарк кардани Афғонистон баъди 20 соли ҳузурашон нигарониҳоеро дар замина афзоиши хушунатҳои идомаёбанда ба миён овардааст. Толибон ҳоло қисматҳои зиёди Афғонистонро таҳти назорат доранд ва аз замони шурӯи музокироти байниафғонӣ дар моҳи сентябр афзоиши хушунатҳо, ба вижа ҳамлаҳои маргбор болои фаъолони ҷамъиятӣ зиёд мешавад.

Моррисон гуфт, ки умедвор аст сафорат муваққатан баста мешавад ва баробари фароҳам шудани шароити мусоид фаъолияти доимии он дар Кобул аз сар гирифта мешавад.

Вазорати хориҷаи Афғонистон гуфт, умедвор аст, ки Канберра қарори худро тағйир медиҳад ва афзуд, ки ҳукумат барои таъмини амнияти намояндагии дипломатӣ ӯҳдадор шудааст. Сухангӯи Толибон гуфт, ки шӯришиён барои дипломатҳои хориҷӣ ва кормандони созмонҳои имдодӣ “фазои амнро таъмин мекунанд”.

XS
SM
MD
LG