Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тихановская ҷомеаи ҷаҳониро ба амал дар муқобили Лукашенко даъват кард


Светлана Тихановская, номзади мухолифон дар интихоботи президентӣ баъди пирӯз эълон шудани Александр Лукашенко иддао кард, ки дар асл ӯ дар интихоботи президентӣ дастболо шудааст
Светлана Тихановская, номзади мухолифон дар интихоботи президентӣ баъди пирӯз эълон шудани Александр Лукашенко иддао кард, ки дар асл ӯ дар интихоботи президентӣ дастболо шудааст

Раҳбари мухолифони Беларус Светлана Тихановская ҷомеаи ҷаҳониро ба амал дар муқобили раҳбари худкома Александр Лукашенко даъват кард, то ки, ба гуфтааш, даст аз корҳое бардорад, ки “беҷазо” мемонад. Изҳороти Тихановская рӯзи 25-уми май, ду рӯз баъди он садо дод, ки дар паи фуруди маҷбурии ҳавопаймое, ки аз Атен ба Вилнюс парвоз мекард, дар шаҳри Минск журналисти оппозитсионӣ Раман Пратасевич боздошт шуд. Кори мақомоти беларусӣ 23-юми май хашми Ғарбу Аврупоро ба бор овард ва бархе раҳбарони аврупоиву амрикоӣ фуруд овардани ҳавопаймои ширкати Ryanair -ро ҳамчун “ғасби давлатӣ” маҳкум карданд.

Тихановская, ки дар Литва паноҳ бурдааст, рӯзи 25-уми май тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, фурсати он расидааст, ки баъди саркӯбҳои тӯлонимуддати мунтақидону мухолифони Лукашенко ва ҳам журналистони мустақил дар Беларус “гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”. Баъди интихоботи президентии Беларус моҳи августи порсол, ки дар он Лукашенко пирӯз эълон шуд, мухолифон ва сокинони зиёди Беларус даст ба эътироз заданд, вале мақомот бо ҳабсу зиндоникунии эътирозгарон посух доданд.

Байден фуруд овардани ҳавопаймоеро, ки миёни ду кишвари Иттиҳоди Аврупо парвоз анҷом медод, “ҳодисаи золимона” номид ва гуфт, ки дар ҳамоҳангӣ бо муттафиқони аврупоӣ Амрико ҳам иқдом мекунад. Раҳбарони аврупоӣ рӯзи 24-уми май болои Беларус таҳримҳои нав ҷорӣ карда, ба ширкатҳои ҳавоии худ амр доданд, ки аз ҳарими ҳавоии Беларус парвоз накунанд ва ҳам ба ҳавопаймоҳои беларусӣ ҳақи парвоз ба Аврупоро манъ карданд.

XS
SM
MD
LG