Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкатҳои бештари ҳавоӣ аз парвоз тавассути Беларус худдорӣ мекунанд


KLM гуфт, ки аз парвоз аз болои ҳарими ҳавоии Беларус худдорӣ мекунад
KLM гуфт, ки аз парвоз аз болои ҳарими ҳавоии Беларус худдорӣ мекунад

Чанд ширкати ҳавоӣ эълон карданд, ки баъди аз парвоз баргардонидани як ҳавопаймои тиҷоратӣ ва ҳабси журналисти оппозитсионӣ дар Беларус, аз парвоз тариқи ҳарими ҳавоии ин кишвар худдорӣ мекунанд. Air France, Finnair ва Singapore Airlines аз ширкатҳое мебошанд, ки рӯзи 25-уми май тасмими худро эълон карданд. Ин дар ҳолест, ки шоми 24-уми май Иттиҳоди Аврупо аз ширкатҳои ҳавоии ин қаламрав хостанд, ки аз парвоз тавассути қаламрави Беларус худдорӣ кунанд ва ҳам ҳавопаймоҳои беларусиро аз фуруд омадан дар фурудгоҳҳои Аврупо манъ карданд.

Чунин тасмим баъди он гирифта шуд, ки рӯзи 23-юми май мақомоти беларусӣ ҳавопаймои ширкати Ryanair-ро водор карданд, ки дар фурудгоҳи Минск поин шавад, дар ҳоле, ки ин ҳавопаймо аз Атен ба Вилнюс ҳаракат мекард. Баъди поин омадани ҳавопаймо дар фурудгоҳ журналисти оппозитсионии беларусӣ Раман Пратасевич боздошт шуд. Ин амали мақомоти беларусиро Аврупову Ғарб ҳамчун “рабоиши давлатӣ” ва “роҳзании ҳавоӣ” маҳкум карданд.

Инчунин рӯзи 25-уми май ҳукумати Украина гуфт, ки ҳавопаймоҳоии ин кишвар дигар ҳақ надоранд парвозҳои транзитиро тавассути ҳарими ҳавоии Беларус анҷом диҳанд ва аз 26-уми май парвозҳои ҳавопаймоҳои украинӣ ба Беларус ва аз Беларус манъ аст.

Ширкати ҳолландии KLM аз рӯзи 24-уми май парвозҳо ба Беларусро қатъ кард. Айни чунин изҳорот дирӯз аз ширкатҳои скандинавии SAS, Lufthansa-и олмонӣ ва airBaltic-и Латвия садо дод. Бритониё ҳам ба ҳавопаймоҳояш амр дод, ки ҳарими ҳавоии Беларусро убур накунанд.

XS
SM
MD
LG