Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба интихоботи президентии Эрон 7 номзад роҳ дода шуд


Таҳлилгарон тахмин мекунанд, ки номзади дорои шонси бештари бурдани интихобот рӯҳонии муҳофизакор Иброҳим Раисӣ мебошад
Таҳлилгарон тахмин мекунанд, ки номзади дорои шонси бештари бурдани интихобот рӯҳонии муҳофизакор Иброҳим Раисӣ мебошад

Ниҳоди муҳофизакори нозири интихоботи Эрон аз миёни садҳо довталаб танҳо 7 нафарро барои ширкат дар интихоботи президентии моҳи июн роҳ додааст. Ба иттилои матбуот, чандин номзади бонуфуз ва баландмақом посухи рад гирифтанд. Телевизиони давлатӣ рӯзи 25-уми май сӯҳбатҳои сухангӯи Шӯрои нигаҳбонро нашр кард, ки гуфтааст, аз миёни 590 нафаре, ки аз ҷониби ҳайати зери назари раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманаӣ сабт шуданд, “танҳо” ҳафт номзад ба интихобот роҳ дода шуданд.

Сухангӯ Аббосалӣ Кадхудоӣ исми номзадҳои қайдшударо ба забон наовард. Ӯ гуфт, ки феҳристи онҳоро вазорати умури дохилӣ дертар нашр мекунад. Интихобот рӯзи 18-уми июн барпо мешавад ва президенти амалкунанда Ҳасани Рӯҳонӣ дигар ҳақ надорад, ки дар интихобот пешбарӣ шавад.

Шӯрои нигаҳбон дар интихоботҳои гузашта бисёр номзадҳои мӯътадилро барои ширкат дар интихобот роҳ надодааст.

Таҳлилгарон тахмин мекунанд, ки номзади дорои шонси бештари бурдани интихобот рӯҳонии муҳофизакор Иброҳим Раисӣ аст, ки масоили адлияро назорат мекунад. Раисӣ дар интихоботи гузаштаи президентии соли 2017 рақиби Рӯҳонӣ буд ва шахси бисёр наздик ба раҳбари олии Эрон Хоманеӣ ба шумор меравад.

Ба иттилои хабаргузории нимарасмии "Форс", Шӯрои нигаҳбон номзадии Алии Лориҷонӣ, собиқ раиси парлумон ва як намояндаи муҳофизакоронро барои ширкат дар интихобот роҳ надод. Лориҷонӣ аз муттафиқони Рӯҳонӣ ба шумор меравад. Ба иттилои ин манбаъ, дархости собиқ президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва ҳам муовини амалкунандаи президенти Эрон Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ рад шудааст.

XS
SM
MD
LG