Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигоре, ки аз ҷониби ҳукумати худкомаи Беларус ҷустуҷӯ мешуд, дастгир шуд


Раман Пратасевич
Раман Пратасевич

Мақомоти Беларус аз дохили ҳавопаймои Ryanair, ки бояд аз Афина ба Вилнюс мерафт, вале ба таври изтирорӣ дар Минск фуруд омад, як хабарнигорро дастгир карданд. Раман Пратасевич аз тарафи ҳукумати худкомаи Александр Лукашенко таҳти ҷустуҷӯ буд.

Ҳавопаймои Ryanair рӯзи 23-юми май, пас аз гирифтани хабари он ки дар дохилаш бомба гузоштаанд, ночор дар маркази Беларус поин шуд. Бомбаро наёфтанд, вале полиси Беларус Пратасевичро дастгир кард.

Тафсилоти бештари ҳодиса дастрас нест. Маълум нест, хабари бардурӯғи будани бомбаро кӣ додааст.

Раман Пратасевич маъмури асосии канали Nexta-Live дар шабакаи Телеграм буд. Ин канал эътирозҳоеро, ки пас аз интихоботи баҳсбарангези президентии моҳи августи соли гузашта дар Беларус сар зад, ба таври густарда бозтоб медод.

Мақомоти Беларус моҳи ноябри соли гузашта гуфта буданд, ки рафтори Раман Пратасевич ва Стсяпан Путсила, маъмури дигари Nexta-Live-ро бо гумони ташкили бетартибиҳои оммавӣ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва барангехтани адовати иҷтимоӣ тафтиш мекунанд.

XS
SM
MD
LG