Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Витолд Ашурок, зиндонии сиёсӣ дар Беларус, даргузаштааст


Витолд Ашурок
Витолд Ашурок

Витолд Ашурок, яке аз фаъолони сиёсии Беларус, ки барои иштирок дар тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ ба панҷ сол зиндон маҳкум шуда буд, дар маҳбасе дар шаҳри Шклов даргузаштааст. Дар ин бора бахши беларусии Радиои Озодӣ рӯзи 22-юми май хабар дод. Ашуроки 50-сола ҳамчун маҳбуси сиёсӣ эътироф шуда буд.

Нашрияи "Наша Нива" сабаби марги Витолд Ашурокро "аз кор мондани дил" нигошт.

Ин аввалин марги зиндонии сиёсӣ пас аз интихоботи ҷанҷолбарангези моҳи августи соли гузашта дар Беларус аст. Витолд Ашурок фаъоли ҳизби Фронти Халқии Беларус – "Эҳё" буд.

Ӯ дар деҳаи Березовка, дар наздикии шаҳри Лида, мезист ва рӯзи 9-уми августи соли 2020 ҳангоми тазоҳурот дастгир шуд. Ашурок давраи ҳабси маъмуриро адо кард, аммо моҳи сентябр дубора боздошт шуд ва ҳеч гоҳ раҳо нашуд.

Ба зидди ӯ бо иттиҳоми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва зӯроварӣ нисбат ба маъмури полис парвандаи ҷиноӣ кушоданд. Парванда паси дарҳои баста баррасӣ шуд.

Тобистон ва тирамоҳи соли гузашта садҳо ҳазор нафар дар тазоҳуроти оммавӣ алайҳи ҳукумати Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус, ширкат карда, ҳазорҳо нафар боздошту латукӯб ва шиканҷа шуданд.

Тазоҳурот пас аз пирӯзи интихобот эълон шудани Лукашенко оғоз ёфт. Намояндагони мухолифин гуфтанд, ки ки натиҷаҳои овоздиҳӣ тақаллуб шудааст.

XS
SM
MD
LG