Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як намояндаи мухолифин ва як вакили маҳаллӣ дар Русия


Юлия Галямина
Юлия Галямина

Полиси Русия дар идомаи саркӯби мунтақидони Кремл рӯзи 22-юми май дар шаҳри Нижний Новгород ду нафарро дастгир кард. Онҳо Юлия Галямина, пешвои мухолифин аз Маскав ва Виталий Бовар, вакили минтақаӣ аз Санкт-Петербург ҳастанд.

Пулис мулоқоти намояндагони мухолифин ва вакилони маҳаллиро пас аз чанд лаҳзаи шуруъ шуданаш дар меҳмонхонаи "Амакс" дар Нижний Новгород ва бо ишора ба риоя нагардидани қоидаҳои даврони пандемия вайрон кард.

Глеб Никитин, волии Нижний Новгород, рӯзи 20-юми май бо фармоне ҷамъ шудани беш аз 30 нафарро дар як ҳуҷра манъ кард. Полис иддао дорад, ки дар ҷаласаи намояндаҳои мухолифин ва вакилони маҳаллӣ 31 нафар ҳузур доштанд, ҳарчанд созмондиҳандагон мегӯянд, дар он танҳо 25 нафар буданд.

"Ин таъқиби сиёсӣ аст", -- гуфт Галямина, ки навори ба боздоштгоҳ бурда шуданашро нашр кард.

Полиси Русия моҳи марти имсол дар як чорабинӣ дар Маскав ҳудуди 200 нафар, аксаран мухолифон ва вакилони шаҳрро дастгир кард.

Дар байни боздоштшудагон мунтақидони маъруфи Владимир Путин, аз ҷумла пешвоёни аршади "Русияи боз" Андрей Пивоваров ва Анастасия Буракова, шаҳрдори пешини Екатеринбург Евгений Ройзман, сиёсатмадори мухолиф Владимир Кара-Мурза ва вакили шаҳрӣ Иля Яшин низ буданд.

XS
SM
MD
LG