Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон падару модараш коргардони 47-соларо куштаанд


Бобак Хуррамдин, коргардони эронӣ.

Дар Эрон падару модари коргардони 47-сола Бобаки Хуррамдин эътироф карданд, ки фарзандашонро куштаанд.

Ҷасади пора-порашудаи коргардонро рӯзи якшнабе дар шаҳри Теҳрон пайдо карданд. Падару модари вай эътироф карданд, ки писарашонро барои зиндагии "бадахлоқона" ва саркашӣ аз издивоҷ куштаанд, хабар медиҳад бахши эронии Радиои Озодӣ.

Мақомоти он кишвар падару модарро боздошт кардаанд. Падари Бобак гуфтааст, аз кардааш пушаймон нест.

Бобаки Хуррамдин соли 2009 Донишгоҳи коргардонии Теҳронро хатм ва чанд соле дар шаҳри Лондони Англия зиндагӣ ихтиёр кард. Вай дар Англия чанд филм таҳия кард ва дубора ба Эрон баргашт. Муҳаммад Шаҳриёр, як мақоми додгоҳии Теҳрон хабар дод, падари Бобак гуфтааст, ки ба писараш доруи хобовар дода, баъдан бо корд ӯро куштааст.

Нашрияи "Ҳамшаҳрӣ" аз изҳороти падари Хуррамдин иқтибос овардааст: "Вай ба ҳарфи мо гӯш намедод, обруи мо дар хатар буд. Ҳар рӯз духтарони ҷавонро бо баҳонаи омӯзиш ба хона меовард. Вақте мо эътироз мекардем, моро таҳқир мекард. Ману ҳамсарамро латту кӯб мекард. Ман интихоби дигар надоштам".

XS
SM
MD
LG