Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад


Қосимҷомарт Тоқаев ва Эмомалӣ Раҳмон. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, 19-уми майи 2021
Қосимҷомарт Тоқаев ва Эмомалӣ Раҳмон. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, 19-уми майи 2021

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, рӯзи 19-уми май бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе президент Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт.

Ин сафари дувуми Тоқаев ба Тоҷикистон дар мансаби президенти Қазоқистон мебошад. Ӯ моҳи июни соли 2019 барои ширкат дар Ҳамоиши панҷуми машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба Тоҷикистон омада буд.

Сафари раиси ҷумҳури Қазоқистон ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки охири моҳи апрел миёни Тоҷикистону Қирғизистон – ҳамсоякишвари Қазоқистон – даргириҳои хунин сурат гирифт. Бар асари ин задухӯрдҳо аз ду ҷониб даҳҳо кас куштаву садҳо нафар захмӣ шуданд.

Раиси ҷумҳури Қазоқистон рӯзи 30-юми апрел аз хатми муноқишаи мусаллаҳона миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва оғози гуфтушунид байни намояндагони ду кишвар истиқбол карда буд. Вай он замон бо роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон телефонӣ суҳбат дошт.

XS
SM
MD
LG