Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен ва Лавров дар Исландия мулоқот мекунанд


Энтонӣ Блинкен
Энтонӣ Блинкен

Энтонӣ Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дар Исландия дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Равобити ду кишвари рақиб дар саҳнаи ҷаҳонӣ сард мебошад.

Ба гуфти дипломатҳои амрикоӣ ва рус, мулоқот рӯзи 19-уми май дар ҳошияи нишасти Шӯрои Арктика дар шаҳри Рейкявик баргузор мешавад. Эҳтимол мавзӯи асосии он таҳияи рӯзномаи мулоқоти раҳбарони Амрикову Русия, Ҷо Байден ва Владимир Путин, хоҳад буд.

Сергей Лавров
Сергей Лавров

Лавров ба Исландия пас аз анҷоми сафараш дар Душанбе меравад. Ӯ барои иштирок дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) дар пойтахти Тоҷикистон қарор дошт.

Ин мулоқоти аввалини Энтонӣ Блинкен ва Сергей Лавров аз замони интихоб шудани Ҷо Байден ба мансаби президенти Иёлоти Муттаҳида аст.

Равобити Амрикову Русия хеле суст шуда, баъзан давраи ҷанги сардро ба ёд меоранд. Ихтилофи Иёлоти Муттаҳида бо Русия аз ҳаракатҳои низомии ин кишвар дар гирду атрофи Украина, ҳамлаҳои кибернетикии Русия ва дахолати ин кишвар ба интихобот дар кишварҳои ғарбӣ сарчашма мегирад.

Блинкен рӯзи 18-уми май гуфт, барои Вашингтон муҳим аст, ки равобиташ бо Маскав устувор ва қобили пешгӯйӣ бошад.

XS
SM
MD
LG