Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти марзбонии Қирғизистон: Вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистон ором аст


Бодканд
Бодканд

Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 19-уми май иттилоъ дод, ки "вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистон ором аст".

Ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 18-уми май дар минтақаи Унжу-Булаки ноҳияи Чон-Алайи вилояти Ӯш мулоқоти намояндагони марзбонии ду кишвар баргузор шудааст.

"Дар мулоқот созиш ҳосил шуд, ки нерӯҳои марзбонии ду тараф то замони муайян шудани ин қитъаи марз хатти шартиро дар Унжу-Булак назорат намебаранд", - хабар дод хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Пештар аз ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон хабар доданд, ки ҷониби Тоҷикистон дар ноҳияи Чон-Алай техника гузоштааст. Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 19-уми май ин масъаларо баррасӣ ва аз девони вазирони он кишвар дар робита ба ин мавзуъ шарҳи расмӣ талаб карданд.

Дарозии марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 километрро ташкил медиҳад. Аз ин шумор танҳо 519 километр муайяну нишонагузорӣ шудааст.

Рӯзҳои 28-29-уми апрел дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон низои мусаллаҳона бархост, ки дар натиҷа аз ҷониби Қирғизистон 36 кас кушта ва 154 кас ҷароҳат бардошт. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар низои мазкур 19 шаҳрванд кушта ва 87 кас маҷруҳ шудааст.

XS
SM
MD
LG