Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамолиддин Неъматзода ва писарашро аз имоматӣ барканор карданд


Саҳнае аз навори ҷанҷолӣ
Саҳнае аз навори ҷанҷолӣ

Ҷамолиддин Неъматзода, имомхатиби масҷиди ба номи "Ҳазрати Муҳаммад"-и ноҳияи Рӯдакӣ ва писари муфтии пешини Тоҷикистонро баъд аз навори ҷанҷолияш аз имоматӣ барканор кардаанд. Пештар сокинони деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ гуфта буданд, ки Неъматзода дар саҳни масҷид онҳоро дашном дод.

Дар ҳоле ки назари ӯ ба қазияи ахир дастрас нест, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ рӯзи 19-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар бораи барканории Неъматзода қарори ҳайати муассисони масҷид қабул шуд.

Афшини Муқим
Афшини Муқим
Афшини Муқим афзуд: "Тибқи қарори ҳайати муассисон Неъматов Ҷамонулло Амонович (Ҷамолиддин Неъматзода) бино бар вазъи саломатӣ, розигии шифоҳӣ, риоя накардани талаботи низомномаи масҷид ва шартномаи ҳамкориву хизматрасонӣ вобаста ба тарбияи ахлоқию маънавӣ аз вазифаи имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи “Ҳазрати Муҳаммад (С)”-и деҳаи Саховати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ озод карда шуд.”

Ба иттилои сухангӯи Кумитаи дин, маҷлиси ҳайати муассисони масҷид рӯзи 18-уми май баргузор шудааст.

Талошҳо барои ёфтани Ҷамолиддин Неъматзода барои фаҳмидани мавқеаш дар бораи қарори барканорӣ ва ҳам навори ҷанҷолӣ то ин дам бенатиҷа буд. Ду рӯз пеш бародараш гуфта буд, ки зоҳиран мардум Неъматзодаро дар масҷид сахт асабӣ кардаанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, Неъматзода аз он ки сокинон ба имоматии писари ӯ дар ин масҷид дар намози рӯзи ҷумъаи гузашта норозигӣ карданд, хашмгин буд.

Ин дар ҳолест, ки бо қарори дигар Азаматуллои Ҷамонулло, писари Ҷамолиддин Неъматзода, аз имоматии масҷиди панҷвақтаи ба номи "Эшони Исматулло"-и ноҳияи Рӯдакӣ озод шудааст. Феълан масъулияти имомии ин масҷидро Асрориддин Касиров ба уҳда дорад. Касиров хатмкардаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон аст.

Чӣ гузашт?

Дар наворе, ки корбарон ба Радиои Озодӣ фиристоданд ва гуфта мешавад, шаби 7-уми майи имсол сабт шудааст, яке аз намозгузорон аз дашном шудани ҳамагон ба хашм омада, эътироз мекунад. Нафаре, ки аз ӯ мулло Ҷамолиддин ном мебаранд, ба ӯ дарафтода, аз гиребонаш медорад ва ба тундӣ мепурсад, ки "ту кӣ ҳастӣ, ки эътироз мекунӣ?"

Ин шахс мегӯяд, "як одами одӣ аз шаҳри Кӯлоб ҳаст ва ин ҷо меҳмонӣ омадааст, вале аз он ки ҳамагон дашном шунидаанд, нигарон аст".

Дар ҳамин лаҳза мулло Ҷамолиддин аз гиребони ӯ дошта, кӯшиш мекунад, ӯро ба хонаи дигари масҷид дарорад. Намозгузорон монеъ мешаванд ва мегӯянд, "ҳазрат ин корро накунед, Шумо хатиб ҳастед".

Он замон мулло Ҷамолиддин як дашноми дигар ба забон меораду бо баландгӯяк хитоб ба мардум мегӯяд: "Ҳамин масҷидро маҳкам накунам агар, ман зани шумо шуда бошам! Як ҳаёт дигар дар ин масҷид намоз намехонед! Бимиред ба ин рӯзатон! Наҳзатиҳову салафиҳо дар ин ҷо туп (манзур ҷамъ омадед) боз-а?"​

Сайидқадам Неъматзода, бародари Ҷамолиддин Неъматзода, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, зоҳиран намозгузорон бо рафторҳои ноҷои худ бародарашро хеле асабонӣ кардаанд. "Одам чӣ қадар вазнин ҳам бошад, ба асабаш расанд, дигар худро назорат карда наметавонад", -- гуфт ӯ.

Номи Ҷамолиддин Неъматзода соли 2014 пас аз баҳси ӯ бо рӯҳонии шинохта Эшони Нуриддин низ расонаӣ шуда буд. Неъматзода он вақт ба Эшони Нуриддин иҷозат надод, ки дар масҷиди зери назари ӯ намози ҷаноза хонад.

Дашном додани мардум аз сӯи имомхатиб дар саҳни масҷид дар Тоҷикистон як ҳодисаи камсобиқа гуфта мешавад. Пайравони дини ислом дар Тоҷикистгон масҷидро макони муқаддас мешуморанд ва рӯҳониён ва ё ибодаткунандагон дар дохили он аз гуфтани алфози қабеҳ ва дашном маъмулан парҳез мекунанд.

Аммо моҳи октябри соли 2017 навори дашномдиҳии Шокир Холдоров, масъули Бахши танзими расму оини ҷамоати “Чоряккорон”-и ноҳияи Рӯдакӣ расонаӣ шуда буд. Ӯ шахсонеро, ки дар саҳни масҷиди, ба гуфтаи ӯ “ғайриқонунӣ”, ибодат карданӣ буданд, дашном дод. Баъдан Холдоров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки сокинон ӯро асабӣ карданд. Ба гуфтаи Холдоров, ӯ на дар саҳни масҷид, балки дар берун алфози дағалеро аз асабоният ба забон овард ва барои ин узр пурсид.

Тибқи маълумоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ феълан дар кишвар беш аз се ҳазор масҷид фаъол аст.

XS
SM
MD
LG