Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шумораи парандагон шаш баробар бештар аз теъдоди инсонҳо аст"


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бар асоси як пажӯҳиши нав, шумораи парандаҳо дар кураи замин шаш баробар бештар аз теъдоди инсонҳо аст. Донишмандони Австралия таҳқиқи нави худро дар ин маврид дар нашрияи Академияи миллии илмҳои Амрико нашр кардаанд, ки бар асоси он ҳудуди 50 миллиард паранда дар рӯи замин зиндагӣ мекунанд.

Хабаргузории Олмон гузориш додааст, ки дар ин таҳқиқ омадааст, ки то кунун 9,700 навъи паранда дар саросари ҷаҳон шиносоӣ шудааст. Дар ин таҳқиқ омадааст, ки дар миёни ҳама парандаҳо шумораи гунҷишки хонагӣ ба беш аз як миллиард мерасад, ки аз ҳама парандаҳои дигар бештар аст.

XS
SM
MD
LG