Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сурху сиёҳ" – Достони видеоии Орзу Исоев дар бораи ҷанҷоли марзӣ


Орзу Исоев
Орзу Исоев

Рӯзноманигори тоҷик, Орзу Исоев, достони видеоияшро дар бораи ҷанҷоли ахири марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон нашр кард. Дар ин ҷанҷол, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели имсол рӯй дод, аз ду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шуданд.

Орзу Исоев мегӯяд, филм зиёда аз сӣ дақиқа аст ва рӯзи 18-уми май дар Ютюб гузошта шуд. Ба қавли ӯ, дар достон аз "таймлайн" ё нақли лаҳза ба лаҳзаи хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар ҷойи ҳодиса буд, низ истифода карданд.

Муаллиф ба мавзеи Маркази тақсими об дар Хоҷаи Аълои Исфара рафта, фарзияҳои оғози муноқишаро баён намудааст. Дар филм лаҳзаҳоеро ҷой додаанд, ки бозгуйи вазъи душвори кори рӯзноманигорон аст.

Орзу Исоев мегӯяд, дар филм пайомадҳои ҷангро ба тасвир кашида, бо онҳое, ки наздиконашонро аз даст доданд ва ё зарари молӣ диданд, суҳбат карданд.

Нашри филм дар ҳолест, ки ҳанӯз ҳам тибқи хабарҳо ва ба гуфтаи сокинон вазъ дар минтақа мураккаб мемонад.

Низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел рӯй дод. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҷанҷоли ахири марзӣ 19 кас кушта ва 87 кас захмӣ шуд. Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтанд.

Душанбеву Бишкек якдигарро барои оғози даргирии мусаллаҳона айбдор карда, барои таҳқиқи ҳодиса парвандаҳои ҷудогона кушодаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро муайян ва нишона гузоштаанд. Минтақҳои дигари баҳсӣ, ки аз обу замину чарогоҳ иборатанд, ҳар чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинон ва нерӯҳои ду кишвар мешаванд.

XS
SM
MD
LG