Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири собиқ гуфт, писаронаш ҳеч ҷое нагурехтаанд. САДО


Гул Шералӣ, вазири пешини энергетикаи Тоҷикистон

Пайвандони Гул Шералӣ, вазири пешини энергетика ва қудои раиси ҷумҳури Тоҷикистон, гуфтанд, ки фарзандони онҳо дар моҷарои рӯзи 16-уми май дар наздикии тарабхонаи "Сим-Сим"-и Душанбе ширкат доштанд, вале занозанӣ бо гуноҳи онҳо сар назадааст.

Мақомоти интизомӣ як писари Гул Шералиро бо иттиҳоми иштирок дар муноқиша дастгир карда, дигареро кофтукоб доранд. Дар ин моҷаро ду кас маҷруҳ шуда, дар бемористон ҳастанд. Вазорати корҳои дохилӣ расман дар бораи ҳодиса хабар надод.

Моҷаро аз чӣ оғоз шуд?

Яке аз пайвандони Гул Шералӣ рӯзи 18-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, моҷаро баъд аз он шуруъ шудааст, ки гуё шахсе бо номи Фирдавс Муродов ба пойи Шаҳбоз (Амирхон Сангалиев), писари холаи Гуловҳо, бо корд зарба задааст. Дар он ҳангом Диловар ва бародараш Алишер Гуловҳо ба ҳимоят аз писари холаи худ бархостаанд.

Назари пайвандони Фирдавс Муродов ба ҳодиса дастрас нест. Муродови 32-сола феълан дар шуъбаи осеби омехта ва ҷарроҳии фаврии бемористони "Қарияи Боло" бистарӣ аст.

Дар назди ҳуҷраи Муродов маъмурони милиса истодаанд ва ба хабарнигори Радиои Озодӣ иҷозаи акс гирифтан надоданд. Талошҳои мо барои пайдо кардани наздикони Фирдавс Муродов то ин лаҳза бенатиҷа буд. Дар сурати дарёфти назари онҳо, ҳатман дар гузориш изофа мешавад.

Гул Шералӣ, вазири пешини энергетика, дар бораи қазияи фарзандонаш зиёд суҳбат накард, аммо гуфт, писаронаш ба ҳеч куҷо фирор накардаанд. Ӯ тасдиқ кард, ки писараш Алишер дар боздошт аст ва Диловар дар озодист.

Қаблан манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки Алишер ва Диловар Гуловҳо фирор карда, аввалӣ субҳи 17-уми май дар вилояти Суғд боздошт шудаааст, вале дар бораи дар куҷо будани Диловар Гулов хабаре нест.

Мудири тарабхона: навори дурбинҳои назоратиро гирифтанд

Мақомот расман аз шарҳи қазия худдорӣ мекунанд ва мегӯянд, муноқишаро Додситонии ноҳияи Сино таҳқиқ дорад. Ба гуфтаи манобеи огоҳ, ҳодиса баъд аз соати 18-и рӯзи 16-уми май рух додааст. Мақомот ва ҳам оилаи Гуловҳо қаблан гуфтанд, муноқиша дар тарабхонаи “Сим-Сим” сар задааст.

Комилҷон Ҳакимов, мудири тарабхона гуфт, ҳодиса 50-60 метр дуртар аз тарабхона, дар наздикии нуқтаи шустушӯи мошинҳо, сар зад. Ӯ афзуд, ҳодисаро дурбинҳои назоратӣ сабт кардааст ва мақомот наворҳоро гирифтанд.

Бори аввал нест, ки номи писарони Гул Шералӣ, бахусус Диловар Гулов, дар робита ба муноқиша ба расонаҳо роҳ меёбад. Ӯро моҳи октябри соли 2018 бо иттиҳоми латукӯби Дилшод Назруллозода, корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД, боздошт ва ба як сол зиндон маҳкум карда буданд.

Гул Шералӣ мегӯяд, як писараш боздошт шуда, дигар дар озодист
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
Линки мустақим

Силсилаи моҷароҳо

Гул Шералӣ он замон дар суҳбати худ ба Радиои Озодӣ дар бораи писараш Диловар гуфта буд, ки "мумкин аст, аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус умури дохилӣ, ягон "шикоре" аз пушти фарзандони мо аст." Ин дар ҳолест, ки даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ фарзандони мансабдорони ҳозираву собиқро барои риоя накардани қонунҳо ва зӯргӯӣ муттаҳам кардаанд.

Аз он пеш, моҳи октябри соли 2017, номи Диловар Гулов дар робита ба як занозанӣ дар ҳузури ситораҳои эстрада ва латукӯби овозхон Остони Азиз дар тарабхонаи "Сим-Сим" расонаӣ гардида буд. Моҳи марти соли 2017 ӯро бо гурӯҳе аз дӯстонаш барои халал расондан ба тартиботи ҷамъиятӣ ва итоат накардан ба амри маъмурони милиса дар тарабхонаи "Галакси"-и шаҳри Душанбе боздошт ва барои панҷ рӯз ҳабс карданд.

Гул Шералӣ (Шералӣ Гулов) соли 2001 раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ таъин шуда, то соли 2006 дар ин вазифа кор кардааст. Аз соли 2006 то соли 2013 вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон буд. Дар гузашта ба ҳайси раиси ноҳияи Данғара низ кор кардааст. Ҳоло нафқахӯр аст. Яке аз писаронаш домоди Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аст ва аз ин рӯ ҳанӯз ҳам ӯро одами таъсиргузор дар кишвар медонанд.

Шарҳҳоро бинед (25)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG