Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин гуфт, бо президенти Қирғизистон дар Сочи мулоқот мекунад


18-уми май, Маскав. Президенти Русия Владимир Путин дар маросими супурдани эътиборномаҳо ба сафирони кишварҳои хориҷӣ
18-уми май, Маскав. Президенти Русия Владимир Путин дар маросими супурдани эътиборномаҳо ба сафирони кишварҳои хориҷӣ

Президенти Русия Владимир Путин эълон кард, ки рӯзи 24-уми май дар шаҳри Сочи президенти Қирғизистон Содир Ҷабборовро ба ҳузур мепазирад. Рӯзи 18-уми май зимни суханронӣ дар маросими қабули эътиборномаҳои сафирони хориҷӣ Путин гуфт, ки бо вуҷуди ҳамкориҳои “муваффақ” дар чандин бахш, ду ҷониб бояд дар фикри тақвияти шарикии стратегӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба бошанд. Ин дуюмин мулоқоти ду раҳбар дар соли ҷорӣ хоҳад буд.

Мулоқоти ду раҳбар дар ҳоле барпо мешавад, ки охири моҳи апрел ва аввали маи имсол дар як муноқишаи марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон даҳҳо нафар аз ҳарду тараф кушта шуданд ва баъди ин дар мулоқот бо президнети Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Русия Путин ҷонибдории худ ба оташбасу субот дар минтақаро таъкид кард. Маълум нест, ки то куҷо дар мулоқоти Путину Ҷабборов мавзӯи низои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон матраҳ мешавад. Маскав шарики деринаи сиёсиву иқтисодии Душанбе ва Бишкек ба шумор меравад ва ин кишварҳо аъзои созмони низомию сиёсии СПАД ҳастанд.

Дар сафари нахустини имсолаи худ ба Русия, ки моҳи феврал баргузор шуд, Содир Ҷабборов бо президент Путин ва нахуствазири Русия Михаил Мишустин мавзӯи ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳояшонро баррасӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG