Парлумони Қирғизистон рӯзи 17-уми май нақшаи муваққатан ба ихтиёри давлат гузаронидани кони азими тиллои кишварро ҷонибдорӣ кард. Кони Қумтор бар асоси созиши қаблӣ дар ихтиёри ширкати канадаии Centerra Gold гузаштааст ва аз ҳамин хотир ширкат гуфт, ки ҳукумати Қирғизистонро ба додгоҳ кашид.
Ҳукумати Бишкек дар гузашта ширкати канадаиро дар он муттаҳам кардааст, ки даромад ва пулҳои воқеии ин ширкат аз ҳисоби истихроҷи тиллоро аз давлат пинҳон мекунад. Ихтилофи байни ду ҷониб баъди он шиддат гирифт, ки рӯзи 14-уми май президент Содир Ҷабборов қонунеро имзо кард, ки ба ҳукумати Қирғизистон иҷоза медиҳад муваққатан назорат ба кори конро ба ихтиёри худ дарорад. Ҷабборов гуфт, ки ин кор ба хотири ислоҳи мушкилоти марбут ба муҳити зист зарур аст. Бар асоси қонунҳои Қирғизистон, дар сурати аз ҷониби ширкат вайрон шудани қоидаҳои муҳитзистӣ давлат ҳақ дорад, ки дар давоми се моҳ ширкатро ба ихтиёри давлат гузаронад. Як комиссиюни давлатӣ, ки иттиҳомоти вайрон шудани қоидаҳои муҳитзистӣ дар Қумторро тасдиқ кард, рӯзи 17-уми май гуфт, ки дар ин кон ҳолатҳои “фасод ва вайрон кардани муқаррароти муҳитзистӣ” ошкор шудааст. Ҷабборов пешниҳод кард, ки “назорати беруна” аз кори кон се моҳ идома кунад ва парлумон ҳам дар як овоздиҳӣ бо раъйи оро ин пешниҳодро ҷонибдорӣ кард.