Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷосусони Русия даст доштани идорааш дар ҳамлаи SolarWinds-ро рад кард


Сергей Наришкин, раиси Хадамоти кашфи хориҷии Русия
Сергей Наришкин, раиси Хадамоти кашфи хориҷии Русия

Раиси Хадамоти кашфи хориҷии Русия рӯзи 18-уми май иттиҳомоти инро, ки ин сохтор дар пушти ҳамлаҳои рахнагарии SolarWinds қарор дорад, рад кард. Иттиҳоми мақомоти иктишофии ИМА ва Бритониё боис ба таҳрими Русия аз ҷониби ИМА шуд. Ҳамлае, ки моҳи декабр рух дод, аз роҳи фиристодани як кирми рахнагари компютерӣ ба шабакаҳои ширкатҳои амрикоиву аврупоӣ рух дод. Дар натиҷа, кори нӯҳ сохтори амрикоӣ ва садҳо ширкатҳои хусусӣ осеб дид. Сергей Наришкин, раиси Хадамоти кашфи хориҷии Русия дар сӯҳбат бо BBC дар Русия гуфт, «ин иттиҳомот як қиссаи бади детективиро мемонад”. Наришкин як муттафиқи наздики президенти Русия Владимир Путин мебошад. Наришкин ба саволи хабарнигор, ки оё идораи ӯ ин ҳамларо анҷом додааст? – гуфт: “Ба ман хуш меояд, агар чунин баҳодиҳиро ба Хадамоти кашфи хориҷӣ нисбат диҳанд” ва афзуд: “ман одат надорам, ки эҷодкориҳои муаллифони дигарро соҳибӣ кунам”. Раҳбари ҷосусони рус гуфт, ки шеваи амалиёти анҷомшуда монанд ба онест, ки аз ҷониби хадамоти кашфи ИМА ва Бритониё ба кор меравад.

XS
SM
MD
LG