Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳеҷ аломате аз хатми низоъ миёни Исроил ва Ҳамос ба назар намерасад


17-уми май, Ғазза
17-уми май, Ғазза

Дар низои миёни Исроил ва Ҳамос бо вуҷуди талошҳои дипломатияи байналмилалӣ, ҳеҷ аломате ба назар намерасад, ки хушунатҳо дар Ғазза хотима меёбанд. Шӯрои амнияти СММ рӯзи 18-уми май дар ҷаласаи изтирорӣ ҳамчун як иқдоми дипломатии оҷил барои хатми ҷангҳо, ки то ҳол боиси марги беш аз 200 нафар шудааст, вазъи минтақаро баррасӣ мекунад. Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар суханронии шоми 17-уми маи худ гуфт, ки Исроил «зарба заданро ба ҳадафҳои террористӣ» дар Ғазза «то замоне, ки барои бозгашти оромиш ва амният барои ҳама шаҳрвандони Исроил зарур аст», идома медиҳад. Президенти ИМА Ҷо Байден ба Нетаняҳу шоми душанбе гуфт, ки аз оташбас ҷонибдорӣ мекунад, вале талаби созишро ба забон наовард. AFP гуфт, ки шаби 18-уми май баъди соати 12-и шаб Исроил чандин ҳамлаи мушакӣ анҷом дод, ки ба биноҳои мухталиф дар шаҳри Ғазза асобат кард. Низое, ки тахминан даҳ рӯз аст идома дорад, аллакай ба як бӯҳрони башарӣ табдил мешавад, чун 38 ҳазор фаластиниҳо беҷо шудаанд ва 2500 нафар хонаҳои худро аз даст додаанд. Мақомоти фаластинӣ гуфтанд, ки шумори қурбониҳо аз ҷониби онҳо 212 нафарро ташкил додааст, дар ҳоле, ки аз ҷониби Исроил аз 10 кушташуда хабар медиҳанд.

XS
SM
MD
LG