Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хабарнигорони бидуни марз" аз блогнависи қазоқ ҳимоят кард


Темирлан Енсебек, блогнависи қазоқ.
Темирлан Енсебек, блогнависи қазоқ.

Созмони ҷаҳонии ҳимоят аз рӯзноманигорон "Хабарнигорони бидуни марз" ба ҷонибдорӣ аз Темирлан Енсебеки қазоқистонӣ - муаллифи саҳифаи ҳаҷвии Qaznews24 дар "Instragram" - садо баланд кард.

Мақомоти Қазоқистон Енсебекро дар доираи парвандаи паҳнсозии иттилои бардурӯғ бозпурсӣ мекунанд. Эҳтимол дорад, ки мақомот ҳар лаҳза ӯро боздошт кунанд.

"Хабарнигорони бидуни марз" аз мақомоти Қазоқистон даъват кардааст, ки "озодии суханро эҳтиром кунанд". "Ҳаҷв ҷиноят нест!" - навишта шудааст дар саҳифаи созмон дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Пулиси Қазоқистон рӯзи 15-уми май ин блогерро барои навиштаҳои ҳаҷвӣ дар Instagram боздошт кард.

Мақомот дар шаҳри Алма Ато манзили Темирлан Энсебекро кофтукоб ва таҷҳизоти ӯро мусодира кардаанд. Дар ин бора ҳамсараш ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабар додааст.

Энсебек узви гурӯҳи "Оян, Қазоқистон" (Қазоқистон бедор шав!) аст, ки ислоҳот дар ин кишвари Осиёи Марказиро мехоҳад.

Чанд тарафдори блогер дар назди идораи полисе, ки ӯро бозпурсӣ мекарданд, эътироз карданд. Ҳамсари Эсенбек гуфт, ки ӯро эҳтимолан бо иттиҳоми паҳн кардани маълумоти бардурӯғ, ки тартиботи ҷамъиятиро дар хатар мегузорад, боздошт кардаанд.

Навиштаҳои ӯ дар "Инстаграм" ҳазф шудаанд. Ӯ воқеаҳои сиёсӣ дар ин кишварро ба риштаи ҳаҷв мекашид ва онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс мешуданд.

XS
SM
MD
LG