Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Шавкат Мирзиёев дар сафараш ба Тоҷикистон аз Хуҷанд боздид мекунад

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев. Акс аз бойгонӣ.

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, рӯзи 10-уми июн ба Тоҷикистон сафар мекунад. Хабаргузории "Азия-Плюс" аз қавли манобеаш дар ҳукумат навишт, ки сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон то 12-уми июн идома хоҳад дошт.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, раиси ҷумҳури Узбекистон дар ҷараёни боздидаш аз Тоҷикистон ба шаҳри Хуҷанд меравад. Манбаъ мегӯяд, Шавкат Мирзиёевро дар Хуҷанд раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳӣ хоҳад кард.

Дар назар аст, дар ҷараёни сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон чанд созишнома миёни Душанбе ва Тошканд имзо шавад. Ба ҳамин тартиб, дар давраи раёсатҷумҳурияш ин бори чаҳорум мешавад, ки президенти Узбекистон аз Тоҷикистон дидан мекунад.

Нахустин сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе 9-уми марти соли 2018 сурат гирифт ва оғози давраи нави ҳамкориҳои миёни Узбекистон ва Тоҷикистон дониста шуд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дар се соли оянда Тоҷикистон аз Бонки Осиёии Рушд 462 миллион доллар мегирад

Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон 462 миллион доллар медиҳад. Ба гуфтаи Вазорати молияи Тоҷикистон ин маблағ дар давоми се соли оянда дастрас хоҳад шуд. Чунин тасмим дар пайи мулоқоти вазири молия бо намояндаи Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон гирифта шудааст. Тибқи нақша ин маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт, энергетика, нақлиёт,маорифу илм,тандурустӣ,амнияти озуқаворӣ,ҳифзи муҳити зист ва идоракунии давлатӣ то соли 2024 равона карда мешавад.

Ҳафтае қабл, Бонки Осиёи Рушд, барои харидории ваксинаи зидди COVID-19 ба Тоҷикистон 25 миллион доллар кӯмак ҷудо кард. Дар изҳороти Бонки Осиёи Рушд гуфта мешавад, ки дар доираи ин маблағ харидории 3 миллион воя ваксина ва сузандору дар назар аст ки барои эмгузаронии 1 миллиону 300 ҳазор нафар ва ё 14 дарсади аҳоли кофӣ хоҳад буд. Гуфта мешавад Тоҷикистон ният дорад беш аз 62 фойзи аҳолии аз 18 сола болоро эм кунад.

Ин бонк чанд сол инҷониб барои сохтмони роҳу таҷдиди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон кумакҳои бебозгашт ҷудо мекунад, аммо дар иваз шартҳое мегузорад, ки кишвар бояд онро қабул ва иҷро кунад. Аз ҷумла моҳи марти соли равон Тоҷикистон аз ин созмон 105 миллион барои таҷдиди шабакаҳои барқ дарёфт кард, аммо уҳдадор шуд нархи нерӯи барқро тадриҷан боло бубарад.

Бонки осиёии рушд яке аз бузургтарин кӯмакрасони молиявии Тоҷикистон ба шумор меравад,ки шурӯъ аз соли 1998 ба кишвар ҳудуди 2,2 млрд долла ҷудо кардааст. Аз ин миён аз 1,6 млрд доллар ёрии бебозгашт мебошад.

Толибон минтақаи Имомсоҳиб, наздик ба марзи Тоҷикистонро ишғол кардаанд

Яу гуруҳ ҷангиёни Толибон

Толибони силоҳбадаст вилояти шимолии Қундузи Афғонистонро, ки дар марз бо Тоҷикистон қарор дорад, иҳота кардаанд.

Полиси ин вилоят мегӯяд, 20-уми июн Толибон амалиёт дар Қундузро оғоз намуда, нисфирӯзии 21-уми июн маркази устонро иҳота карданд. Иномуддин Раҳмонӣ - сухангӯйи полиси Қундуз иброз дошт, ки қароргоҳи полис таҳти контроли Толибон аст ва онҳо дар масофаи тахминан як километр аз маркази маъмурии ин вилоят- шаҳри Қундуз, қарор доранд. Тибқи иттилои ҳамин манбаъ, Толибон роҳҳои пайвасткунандаи вилояти Қундуз бо дигар манотиқи Афғонистонро зери тасарруф қарор додаанд.

Толибон ҳамчунон минтақаи Имомсоҳиб, воқеъ дар марз бо Тоҷикистонро ишғол кардаанд, ки дар интиқоли молу коло аз Осиёи Марказӣ аҳамияти бузург дорад. Баъди оғози беруншавии нерӯҳои эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА, Толибон даҳҳо ноҳияро ишғол намуданд. Сухангӯйи Толибон Забиҳулло Муҷоҳиб тасдиқ кард, ки минтақаи Имомсоҳиб зери назорати Толибон аст. Ӯ афзудааст, ки Толибон то ҳол амалиёт дар шаҳри Қундузро шурӯъ накардаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, пулис амри Путин дар бораи имтиёз ба муҳоҷиронро нодида мегирад

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, бо вуҷуди фармони нави Владимир Путин раисҷумҳури Русия оиди дароз кардани муҳлати имтиёз ва манъи боздошту ихроҷи муҳоҷирон, рӯзҳои охир дар Маскаву Санкт -Петербург даҳҳо зодагони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистонро кормандони пулис боздошт кардаанд.

Муҳаммадҷон Собиров, ҳуқуқшиноси маркази “Тонг ҷаҳонӣ” ба Радиои Озодӣ гуфт, аз 15- ум то 20 -уми июн аз сӯи додгоҳҳои Маскав нисбати 42 нафар муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ барои надоштани патент ва ё дигар сандаҳои буду бош қарори ихроҷ ё худ депортатасия содир шудааст. Созмони “Тонг ҷаҳонӣ”, барои бекор кардани ин қарорҳо ба додгоҳи шаҳрии Маскав муроҷиат кардааст. Ҳамчунин ҳуқушиносони марказ рӯзи 19-уми июн барои аз шӯъбаи пулиси Санкт Петребург раҳо намудани 20 муҳоҷир мусоидат кардаанд. Кормандони пулис бо роҳи таҳдиди ихроҷ намудан, аз муҳоҷирон 5 ҳазору 300 рубли русӣ пора талаб кардаанд. Ба гуфтаи ҳуқуқшиносон, мақомоти интизомӣ фармони нави Путинро, ки охири ҳафтаи гузашта ба ҳукми иҷро даромад нодида мегиранд ва ё мегӯянд хабар надоранд. Дар ҳоле ки тибқи ин фармон, то 30-юми сентябри 2021 мақомот ҳақ надоранд, муҳоҷиронро аз қаламрави Русия ихроҷ кунанд ва ё дар бораи манъи вуруди муҳоҷирон ба ҳудуди ин кишвар қарор қабул намоянд.

Амрико дар Тоҷикистон панҷ маркази ҳамкории пулис бо ҷомеа сохт

Маросими ифтитоҳи як Маркази ҳамкории милитсия ва ҷомеа

Дар Тоҷикистон бо ёрии молии сафорати Амрико панҷ Маркази нави ҳамкории милитсия ва ҷомеа бунёд карда шуд.

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 22-уми июн бо нашри як изҳорот хабар дод, ки ҳамроҳ Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Қубодиён, Ҷайҳун, Фархор, Истаравшан ва Исфара панҷ Маркази нави ҳамкории милитсия ва ҷомеаро ифтитоҳ карданд. Ин марказҳо созмони ғайридавлатии байналмилалӣ “Сейферворлд” бо пули сафорат бино кардааст. Ин марказҳо барои Гурӯҳҳои ҳамкории милитсия ва ҷомеа ҷой фароҳам меорад, то ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кормандони милитсия барои муайян ва ҳалли мушкилоти амнияти маҳаллӣ ҳамкорӣ кунанд.

Гуфта мешавад, аз соли 2016 ин ҷониб ташкилоти “Сейферворлд” бо 6 500 000 доллар Вазорати корҳои дохилӣ барои беҳтар намудани муносибат байни милитсия ва ҷомеа кӯмак расондааст. Бар илова ин созмон барои баланд бардоштани малакаи амалиётии Вазорати корҳои дохилӣ ёрӣ додааст. Аз ҷумла созмон ба Вазорати корҳои дохилӣ бо 430 ҳазор доллар низоми телеконфронси баландсифат харидорӣ кард, ки гуфта мешавад самаранокии кори вазоратро дар мубориза бо ҷиноят баланд мебардорад. Ин низом алоқаи сареъ бо зерсохторҳои вазоратро фароҳам карда ба пулис имкони фароҳам мекунад ба ҳодисаву воқеаҳои ба амаломада дарҳол вокуниш кунад.

Сокинони Қарақалпоқистон дар эътироз ба надодани кумакпулӣ роҳро бастанд

Акс аз бойгонӣ.

Дар ноҳияи Кегейи Қарақалпоқистони Узбекистон сокиноне, ки кумакпулӣ барои бекориро дарёфт накарда буданд, ба нишони эътироз роҳро бастанд.

Тавре Хабаргузории расмии Узбекистон бо такя ба мақомоти маҳаллӣ хабар додааст, пардохти кумакпулии бекорӣ барои моҳҳои апрел ва майи соли 2021 ба далели мавҷуд набудани маблағ дар ҳисоби маркази шуғли аҳолии ноҳия ба таъхир афтодааст. Аз ин рӯ, 20 кас эътироз кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, масъулони ноҳия мушкилро "фавран" ҳал карда, ҷамъан 218 сокини Кегей кумакпулиро дарёфт кардааст.

Пештар хабар дода шуда буд, ки як гуруҳи сокинони маркази маъмурии Қарақалпоқистон - Нукус дар эътироз ба таъхир дар пардохти нафақапулӣ кӯчаи ба номи А. Дусназароваро бастаанд.

Қирғизистон ба Қазоқистон ними оби ҷудошударо медиҳад

Неругоҳи Токтогул дар Ҷалолободи Қирғизистон.

Вилояти Ҷамбили Қазоқистон ба далели поён рафтани сатҳи об дар обанборҳои Қирғизистон бо мушкили норасоии об рӯбарӯ шудааст. Дар ин бора раиси вилояти Ҷамбил Бердибек Сапарбоев дар посух ба суолҳои бахши қазоқии Радиои Озодӣ изҳори назар кардааст.

"Мо обро аз обанбори Орто-Токой ва Киров мегирем. Дар ҳоли ҳозир аз обе, ки дар созишномаи миёни ду кишвар қайд шудааст, 50 дарсадашро дарёфт мекунем. Бо ҷониби Қирғизистон гуфтугӯ дорем ва феълан ҳаҷми обро каме зиёд карданд, вале мутаассифона, он ҳам барои мо кам аст", - изҳор доштааст раиси Ҷамбил.

Сапарбоев гуфтааст, ҷониби Қазоқистон барои он оби кам мегирад, ки худи Қирғизистон ҳам бо мушкили камобӣ рӯбарӯ шудааст. "Мо ҳоло аз Қирғизистон 80 дарсад вобастагӣ дорем. Дар ҳоли ҳозир аз ҳисоби рӯдхонаҳои Чӯй ва Талас 50 дарсади талаботи мардум ба обро таъмин менамоем", - афзудааст ӯ.

​Бахши қирғизии Радиои Озодӣ ахиран хабар дод, ки Қирғизистон бо мушкили камобӣ рӯбарӯ шудааст. Тибқи гузориши радио, сатҳи об дар обанбори Тоқтогули он кишвар то ба 10,8 миллиард метри мукааб поин рафтааст, ки назар ба соли гузашта 2-3 млрд метри мукааб камтар аст.

Дар Узбекистон аз донишҷӯён "даъват доранд", то ба ҳизби нав аъзо нашаванд

Хидирназар Аллақулов бо тарафдоронаш.

Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон дар мактабҳои олии он кишвар бо донишҷӯён вохӯриҳо баргузор карда, аз онҳо даъват доранд, ки ба сафи ҳизби сиёсии тозатаъсис напайванданд. Дар ин бора яке аз донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Тирмиз дар вилояти Сурхандарёи Узбекистон, ки нахост номаш зикр шавад, ба бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар дод.

"Тавре шумо огаҳ ҳастед, раиси Ҳизби нави "Ҳақиқат ва Тараққиёт" Хидирназар Аллақулов ректори донишгоҳи мо буд. Вай дар миёни ҳам омӯзгорон ва ҳам донишҷӯён машҳур аст. Аз ин рӯ, ҳоло намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар донишгоҳи мо ҷаласаҳои таблиғотӣ баргузор карда, аз ҳама даъват доранд, ки узви ҳизби нав нашаванд. Мегӯянд, ки ин ҳизб "барои мо бегона" аст", - изҳор дошт донишҷӯ.

Як масъули Донишгоҳи давлатии Тирмиз тасдиқ кард, ки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон дар доираи Фестивали ҷавонон бо донишҷӯён мулоқотеро баргузор карданд. Вале ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни ин вохӯрӣ касе аз донишҷӯён даъват накардааст, ки узви ҳизби тозатаъсис нашаванд.

Раиси Ҳизби нави "Ҳақиқат ва Тараққиёт" Хидирназар Аллақулов гуфт, хабар дорад, ки "кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаҳо донишҷӯёнро "мағзшӯӣ" доранд. "Дар Узбекистон солҳои 80-ум ва 90-ум неруи бузург донишҷӯён буданд ва ҳоло мақомот аз роҳи тарсонидану таҳдид донишҷӯёнро зидди ҳизбҳои нав мешуронанд. Онҳо бо ин роҳ мехоҳанд, ба Мирзиёев (президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев) кумак кунанд, то як давраи дигар раисҷумҳур бимонад", - гуфт ӯ.

Манобеъ мегӯянд, дар донишгоҳҳои вилоятҳои Хоразму Бухорои Узбекистон ҳам чунин "вохӯриҳо" бо донишҷӯён анҷом шуда, аз онҳо даъват шудааст, ки ба ҳизби нав напайванданд.

Дар интихоботи порлумонии Арманистон ҳизби Пашинян пирӯз шуд

Никол Пашинян.

Ҳизби "Созиши шаҳрвандӣ"-и Никол Пашинян, иҷрокунандаи вазифаи сарвазирии Арманистон дар интихоботи порлумонии рӯзи якшанбеи 20 июн дар он кишвар бо касби 53,92 дарсади раъйи мурдум пирӯз шуд.

Эътилофи "Арманистон"-и президенти пешини он кишвар Роберт Кочарян 21 дарсади раъй ба даст овард. Ин эътилоф гуфт, натиҷаҳои интихоботро намепазирад.

Дар мақоми севум эътилофи "Шараф дорам"-и президенти пешини Арманистон Серж Саргисян қарор дорад. Ба ин тартиб, ин се ҳизб вориди порлумон хоҳанд шуд.

Ҳузури мардум дар интихоботи порлумонии он кишвар 50 дарсади аҳолии қобили раъйро ташкил дод.

Нозирони ҳизбҳои сиёсӣ аз қонуншиканӣ дар рафти интихобот хабар доданд.

Никол Пашинян дар пайи эътирозҳои мардумӣ дар соли 2018 сари қудрат омад ва дар интихоботи порлумонии он сол ба сарвазирӣ расид. Кочарян - ки бо муносибатҳои дӯстонааш бо президенти Русия Владимир Путин машҳур аст - рақиби асосии Пашиян дониста мешавад.

Рақибони Пашинян ӯро дар шикасти Арманистон дар баробари Озарбойҷон дар ҷанги соли гузаштаи Қарабоғи Куҳӣ айбор мекунанд. Баъди имзои созиши сулҳ миёни Арманистону Озарбойҷон дар моҳи ноябри соли 2020, дар Арманистон эътирозҳои мардумӣ зидди сарвазир ташкил шуданд. Ҷонибдорони Пашинян мегӯянд, дар шикасти Арманистон роҳбарони пешини ин кишвар, аз ҷумла Кочарян ва Саргисян низ айбдор ҳастанд.

Макони нигаҳдории Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ ва бародараш маълум шудааст

Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ (Абдулло Қувватбеков) рӯзи 18-уми июн боздошт шудааст

Макони нигаҳдории Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ (Абдулло Қувватбеков) ва бародараш Иззатулло Қувватбеков, ки рӯзи 18-уми июн боздошт шуда буданд, барои пайвандонаш маълум шудааст.

Мақомоти тафтишотӣ ба пайвандонаш гуфтаанд, ки онҳо дар бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва нисбаташон тафтишотӣ пешакӣ оғоз шудааст. Дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сомонӣ ин хабарро тасдиқ ё рад накарданд ва шарҳ надоданд, ки онҳо бо чӣ ҷурм боздошт шудаанд.

Пештар наздикони Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ гуфта буданд, ки субҳи 18-уми июн гурӯҳи ҳашт нафараи кормандони мақомоти интизомӣ манзили зисти Мавлавӣ Абдуллоҳи Язғуломиро ҷустуҷӯ карданд ва ӯро бо бародараш боздошт карданд. Аз манзили ӯ чанд китоби мазҳабӣ ва 80 ҳазор доллар пайдо шудааст, ки мақомот онҳоро низ мусодира кардаанд. Ин маблағе будааст, ки ба гуфтаи наздиконаш ӯ барои хариди ҳавлӣ барои фарзандаш ҷамъ карда будаааст.

Наздиконаш рӯзи 21-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ду нафар муфаттиш рӯзи 20-уми июн бо либоси мулкӣ барои гирифтани баёнот ба манзили зисташон омаданд.

Қувватбек Қувватбеков, бародари Мавлавӣ Абдулло дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, муфатишон ба ӯ ва дигар пайвандонаш суолҳои зиёд доданду забонхат гирифтанд. “Аз ман пурсиданд, ки ӯ чӣ таълимот медод, ба куҷо дуъохонӣ мерафт, киҳо ба назди ӯ меомаданд, ба чӣ корҳо машғул буд ва суолҳои дигар доданд. Ман гуфтам, ки дар хона ба таълими фарзандон машғул буд ва гоҳ-гоҳ даъваташ мекарданд ва дуо мехонд.”,-- мегӯяд бародари ӯ.

Ӯ афзуд, ин ду нафар муфаттишоне буданд, ки рузи 18-уми июн омада хонаро кофтанд ва китобҳои диниро якҷо бо 80 ҳазор доллар бурданд.

Пайвандонашон гуфтанд, ки аз замони боздошт то кунун онҳоро надидаанд.

Мақомот ҳанӯз шарҳ надодаанд, ки ин ду бародарро барои чӣ боздошт кардаанд.

Боздошти Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки наворҳои зиёди ӯ бо мавъизаҳои пуршӯри динӣ ва даъватҳои ваҳдати динию миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд. Манбаъҳои дигар мегӯянд, ин рӯҳонӣ бештар бо табобати беморони рӯҳӣ ва дуохонӣ машғул будааст.

Муфаттиши парвандаи Иззат Амонро иваз карданд

Иззат Амон, ҳомии шинохта дар миёни муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия

Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муфаттиши парвандаи Иззат Амон, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро иваз кардааст.

Пештар наздикони Иззат Амон аз кори Эраҷ Қувватов, муфаттиши қаблии парванда шикоят карда буданд. Ҳоло ба ҷойи ӯ, Сипеҳр Сафаров, муфаттиши дигари ВКД тафтиши парвандаро бар дӯш гирифтааст.

Як манбаъ аз Раёсати тафтишоти Вазорати корҳои дохила ба шарти зикр накардани номаш рӯзи 21-уми июн бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, Сипеҳр Сафаров ба тафтишоти пешакии парванда шурӯъ кардааст. Аз Сафаров ин манбаъ, ҳамчун муфаттиши собиқадор ном бурд.

Сабабҳои аслии иваз кардани муфаттишро дар Вазорати корҳои дохилӣ шарҳ надоданд, вале қаблан наздикони Иззат Амон нисбат ба шеваи кори ӯ ба ин ниҳод ариза навишта буданд.

Иззат Амон, ки рӯзи 25-уми март дар Русия ғайб зад ва баъдан дар Тоҷикистон пайдо шуд, бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ба гуфтаи наздикони Иззат Амон, вақте ӯ дар Боздоштгоҳи муваққатии Раёсати корҳои дохилӣ буд, муфаттиши пешина ҳозир намешуд ва тафтиш ба кундӣ пеш мерафт.

Муҳаммадюсуф Холов, писари Иззат Амон рӯзи 21-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, аз замоне ки падарашро ба боздоштгоҳи Вазорати адлия гузаронданд, муфаттиш ҳеч кори амалие намекард. “Ман бо муфаттиши нав мулоқот кардам. Ӯ ваъда дод, ки рӯзи 21-уми июн барои мулоқот бо падараш дар СИЗО санадҳоро дуруст хоҳад кард. Умедворам, ки ҳаракатҳои тафтишотии қазия тезонида мешавад ва ҳоло масъалаи аслӣ рӯ ба рӯ кардани афроде мебошад, ки падарам аз онҳо гуё қарздор аст.”,--гуфт Муҳаммадюсуф.

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи 25-уми май муҳлати тафтиши парвандаи Иззат Амонро барои ду моҳи дигар дароз кард. Ёздаҳ нафар ба мақомот шикоят кардаанд, ки Иззат Амон онҳоро дар Русия фиреб додааст.

Пайвандонаш гуфта буданд, ки онҳое, ки аз падараш ба мақомот шикоят кардаанд, пештар ҳафт нафар буданд, вале ҳоло шумораи онҳо зиёд шудааст.

Қаблан Муҳаммадюсуф Холов раванди тафтишотро танқид карда, гуфта буд, ки “муфаттиши парванда фаъол нест”.

Иззат Амон, раҳбари “Маркази тоҷикон” дар Русия буд ва ба муҳоҷирон машварати ҳуқуқӣ медод. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд ва аз сиёсати ҳукумати Тоҷикистон танқид мекард. Бисёриҳо парвандаи ӯро сиёсӣ ва як навъ фишор ба дигарандешон меноманд.

Ҷасади як марзбони тоҷикро пас аз 16 рӯз аз об берун оварданд

Қитъаи марз бо Афғонистон дар миёни ноҳияи Фархор ва Ҳамадонӣ

Ҷасади Юсуфҷон Музаффарзода, як марзбони тоҷик, ки 16 рӯз қабл дар рудхонаи Панҷоб, дар марзи ноҳияи Ҳамадонӣ бо Фархор ғарқ шуда буд, пайдо шудааст. Як масъули ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 21-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасадро субҳи якшанбе сокинон дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Турдиев пайдо карданд. Манбаъ афзуд, ки ҷасад пас аз берун овардан аз об, ба мақомот супурда шуд.

Ин масъули ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ дар шарҳи ҳодиса гуфт, ки "ҷасад аз реги лаби рудхона пайдо шуд, маҷрои об бисёр тез аст. Сокинон дар бадани худ банд баста, ҷасадро аз об бароварданд. Баъд аз берун баровардани ҷасад, ба милиса хабар доданд. Сипас ба маҳал, кормандони прокуратура, милиса ва ҳукумати ноҳия ҳозир шуданд."

Дар Прокуратураи ҳарбии минтақаи Кӯлоб гуфтанд, ки ҷасад баъд аз пайдо шудан шинохта намешуд. "Дар баданаш танҳо ҳамон таҳпӯши сарбозӣ буд, ҷасадро шинохта намешуд. Падар ва тағояшро даъват карданд. Тағояш ҷасадро дид, шинохт. Баъди анҷоми ташхис бегоҳи рӯзи гузашта ҷасадро гирифта, ба зодгоҳаш бурданд",--гуфт мусоҳиби мо.

Ба гуфтаи мақомот, ин марзбони тоҷик рӯзи 3-юми июн ҳангоми шиноварӣ дар рудхонаи Панҷоб, ғарқ шуд. Мақомоти ноҳияи Ҳамадонӣ он замон гуфтанд, ки барои пайдо кардани ҷасади ин марзбон, маҷрои Панҷобро аз саргаҳи он дар дарёи Панҷ бастанд.

Юсуфҷон Музаффарзода, сокини шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ буда, тирамоҳи соли 2020 ба артиш даъват шуда, аз шаш моҳ ба ин тараф дар қисми марзбонии ноҳияи Ҳамадонӣ хизмат мекард.

Ин барои бори аввал нест, ки марзбонон дар ҳодисаҳои ҷудогона дар дарёҳои кишвар ғарқ мешаванд. Ҳафтаи гузашта мақомот аз пайдо шудани ҷасадҳои Сироҷиддин Ятимов ва Қандилҷон Воҳидов, ду марзбон, ки ҳашт моҳ пеш дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ғарқ шуда буданд, хабар доданд.

Ҷасадҳои ин ду сарбоз, ки шинохта намешуданд, аввали моҳи июн пайдо шудаанд, вале пас аз 13 рӯз аз роҳи ташхиси ДНК онҳоро шиносоӣ карда, ба хок супурдаанд. Ин ду сарбоз рӯзи 29-уми сентябри соли гузашта, зимни талоши наҷоти як хонандаи мактаб аз худкушӣ, дар рӯдхонаи Бартанг, дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон ғарқ шуда буданд.

Ин ду сарбоз, ки аз анҷоми хидматашон дар артиш як ҳафтаи дигар монда буд, барои наҷоти як хонандаи мактаб худро ба об андохтанд. Ҷасади хонандаи мактабро як рӯз пас, рӯзи 30-уми сентябри соли 2020 пайдо карданд, вале ҷустуҷӯи ҷасади сарбозон натиҷа надода буд.

Сироҷиддин Ятимов, сокини шаҳри Душанбе ва Қандилҷон Воҳидов, сокини ноҳияи Ёвон дар қисми ҳарбии 0410-и Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хидмат мекарданд.

Узбекистон толибилмонеро, ки дар мадрасаҳои хориҷ таҳсил доранд, бармегардонад

Мақомоти Узбекистон дар моҳҳои охир ҳудуди 1,5 ҳазор донишҷӯи узбекистонии мадрасаҳои диниро аз Миср ба Узбекистон баргардонидаанд. Мақомоти Узбекистон сабаби баргардонии донишҷӯёнро шарҳ намедиҳанд.

Намояндаи сафорати Узбекистон дар Миср дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки донишгоҳи Ал-Азҳари Миср аз ин ба баъд донишҷӯён аз Узбекистонро танҳо дар асоси тавсияи Кумитаи кор бо дини девони вазирони Узбекистон мепазирад.

Сафорати Узбекистон дар Миср бо нашри изҳороте дар сомонааш навишт, ки "бисёре аз шаҳрвандон" дар "муассисаҳо ва марказҳо"-и шубҳанок таълим мегиранд.

Як манбаъ ба бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар дод, дар Туркия низ ҳадди ақал се мадраса мавҷуд аст, ки донишҷӯён аз Узбекистон таҳсил мекарданд. Мақомоти Туркия чанде пеш ин мадрасаҳоро бастанд.

Ба ҷуз ин, мақомоти Узбекистон дар панҷ моҳи аввали соли 2021 ҳудуди 1800 наврасро аз марзи Узбекистон баргардонидаанд, ки тасмими сафар ба Миср ва таҳсили диниро доштанд.

Собиқ муовини аввали сарвазири Қирғизистон ба ҳабс гирифта шуд

Тойирбек Сарпашев, собиқ муовини аввали сарвазири Қирғизистон.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 19 июн Тойирбек Сарпашев, ноиб-аввали пешини сарвазири он кишварро то рӯзи 31 июли соли ҷорӣ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Мақомоти тафтишотӣ ӯро дар фасодкорӣ гумонбар мекунанд. Тафтишот муайян кардааст, ки Сарпашев "дар ҳамдастӣ бо роҳбарияти олии Қирғизистон ва намояндагони ширкати канадагии Centerra Gold Inc. рафторе содир кардааст, ки бар зарари муҳити зисти Қирғизистон равона шудааст".

Сарпашев 17 июн боздошт шуда буд.

Мақомоти Қирғизистон то ин замон чанде дигар аз мансабдорони пешини он кишвар ва вакилонро бо гумони фасодкорӣ дар кони тилои "Қумтор" боздошт карданд.

Узбекистон аз сифр Андиҷони нав месозад

Шавкат Мирзиёев бо тарҳи шаҳри нави Андиҷон ошно мешавад.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев санги асоси шаҳреро гузошт, ки дар ноҳияи Андиҷони он кишвар аз сифр бунёд мешавад. Тавре хадамоти матбуотии президенти Узбекистон хабар дод, тарҳи шаҳри нав бо мутахассисони турк коркард шудааст.

Андиҷони нав дар наздикии Андиҷони кунунӣ барои беш аз 450 ҳазор одам сохта мешавад. Масоҳати умумии он чор ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки ду ҳазор гектар барои баландошёнаҳои зист, иншоотҳои иҷтимоӣ, хидматрасонӣ ва минтақаи саноатӣ пешбинӣ шуда, дар ду ҳазор гектари дигар мақомот мехоҳанд, "минтақаи сабз"-ро бунёд кунанд.

Шаҳр дар чаҳор марҳала, аз соли 2021 то 2041 бунёд хоҳад шуд. Соли равон аз ҳисоби Бунёди бозсозӣ ва рушд барои сохтмони он 100 миллион доллар ҷудо карда мешавад. Дар марҳалаи аввал 170 бинои баландошёнаи зист, мактаб, боғча ва бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Чин ба Тоҷикистон 300 ҳазор воя ваксинаи зидди КОВИД-19 дод

Чин ба Тоҷикистон 300 ҳазор воя ваксинаи "КоронаВак" ва тақрибан ҳамин миқдор сӯзандорӣ кӯмак кардааст. Ин ваксинаҳо истеҳсоли ширкати "Sinovac Research & Development Co. Ltd" буда, шоми 20-уми июн ба Душанбе расиданд. Дар маросими қабули ваксинаҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, мақомоти тоҷик ва низ сафири Чин дар Тоҷикистон ҳузур доштаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки ваксинаҳои чинӣ дар анборҳои вижаи ин вазоратхона нигаҳдорӣ шуда, тибқи нақша ба табақаҳои пешбинишудаи аҳолӣ гузоронида мешавад.

Пешниҳоди интиқоли ваксинаи чинӣ дар авоили моҳи марти ҷорӣ дар ҷараёни суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои чиниаш Си Ҷин Пин садо дода буд. Дар он суҳбат, раиси ҷумҳури Чин гуфт, кишвараш омода аст, ки ба Тоҷикистон ваксина зидди COVID-19 диҳад.

Тоҷикистон қаблан дар доираи барномаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ COVAX 192 ҳазор ваксинаи "Астразенека" ройгон дарёфт карда буд. Масъулони Вазорати тандурустӣ қаблан гуфта буданд, ки дар навбати аввал пизишкон ва сокинони синнашон аз 60 боло эм карда хоҳанд шуд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки то кунун беш 80 ҳазор нафар дар Тоҷикисто эм шудаанд. Дар ҳоле, ки вазъи сироят ба беморӣ дар кишвар рӯшану ошкор гуфта намешавад, гумон аст, ки аҳолӣ ба ин ваксинҳо эътино ва бовар кунад.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз моҳи январи имсол пайваста мегӯяд, ҳеҷ ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирусро сабт накардааст. Моҳи гузашта дар Хуҷанд 15 нафарро ҳамчун гумонбар ба коронавируси нав карантин карданд, вале баъдан мақомот гуфтанд, ки онҳо бемор нестанд.

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, аз оғози беморӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13308 нафар ба КОВИД-19 сироят ёфтааст ва танҳо 90 нафар фавтидааст. Коршиносони мустақил ба омори Вазорати тандурустӣ бо шубҳа менигаранд ва мегӯянд, миқёси сирояти коронавирус ва талафот аз он ба маротиб бештар аст.

Эмомалӣ Раҳмон Раисиро ба пирӯзиаш табрик кард

Аксҳои тарғиботии Раисӣ пеш аз интихобот

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон Сайид Иброҳим Раисиро барои пирӯзиаш дар интихоботи президентии Эрон табрик кард.

Президенти Тоҷикистон гуфтааст, “ҳамеша хоҳони таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳоямон бар асоси усули ҳусни тафоҳум, некхоҳӣ ва эътимоди холисона ҳастем.”

Кишварҳои ғарбӣ интихоботи Эронро ношаффоф медонанд ва Раисиро табрик накардаанд.

Владимир Путин, президенти Русия ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия низ раҳбари нави Эронро табрик кардаанд.

Мақомоти Эрон мегӯянд, ба тарафдории Раисӣ беш аз 17 миллион нафар раъй додааст.

Иброҳим Раисии 60-сола низоми додгоҳии Эронро раҳбарӣ мекард. Ӯ яке аз додрасҳое буд, ки соли 1988 як зумра мурофиаҳои сареъро назорат кардааст, ки дар он ҳазорон маҳбусони сиёсӣ ба ҳукми қатл маҳкум шуда, эъдом шуданд. Созмонҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ки Раисӣ дар ҷиноятҳои зидди башарӣ айбдор аст ва Иёлоти Муттаҳида Амрико ӯро таҳти таҳрим қарор додааст.

Фавт аз коронавирус дар Русия бештар шудааст

Яке аз беморхонаҳои Маскав

Дар давоми рӯзҳои 17 ва 18-уми июн фавти сокинон аз коронавирус дар Русия 14 дар сад афзудааст.

Дар ин бора Татяна Голикова, муовини сарвазири Русия, ки раҳбари ситоди фаврии мубориза бо коронавирус аст, ба хабаргузории "Интерфакс" хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ба он хотир шумораи марг афзуд, ки гирифторони коронавирус сари вақт барои кӯмаки тиббӣ муроҷиат намекунанд.

Ӯ гуфтааст, аксаран ҳангоми беморӣ доруҳои одии муқовимат бо вирусро истифода мекунанд ва коронавирусро аз сармохӯрдагӣ фарқ намекунанд.

Нимаи моҳи июн якбора гирифторӣ ба коронавирус афзоиш ёфт. Рӯзи 18-уми июн дар Русия беш аз 17 ҳазор нафар ба КОВИД-19 сироят ёфтааст, ки як баробар аз рӯзҳои пеш зиёдтар аст.

Дар пайи афзоиши гирифторони коронавирус мақомоти рус баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ карданд.

Дар Русия ҳазорон муҳоҷири кории тоҷик кор мекунанд ва тағйирот дар Русия ба зиндагии онҳо низ таъсир мерасонад.

Дар пайи карантини соли гузашта ҳазорон муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар ҷойи кори худро аз даст дода буданд.

Сафири Русия дар ИМА ба кор баргашт

Анатолий Антонов, сафири Русия дар Амрико

Анатолий Антонов, сафири Русия дар Амрико субҳи рӯзи 20-уми июн барои идомаи кораш аз Маскав ба Ню-Йорк рафт. Вақте дар як суҳбат Ҷо Байден, президенти Амрико Владимир Путинро "қотил" номид, Русия сафирашро барои "машварат" бозхонд.

Пас аз се моҳ, баъди мулоқоти Путин бо Байден дар рӯзи 16-уми июн дар Женева мувофиқа шуд, ки сафирони ду кишвар ба кор бармегарданд. Ҷон Салливан, сафири Амрико низ пас аз сардии равобит Маскавро тарк карда буд.

Владимир Путин дар нишасти матбуотиаш пас аз мулоқот бо Байден гуфт, ки "масъалаи кори сафирон ҳал шуд".

Сафири ИМА дар Русия ҳафтаи дигар ба кор бармегардад.

Муносибати ду кишвар пас аз заҳролуд шудани Алексей Навалний, мухолифи Путин ва ошкор шудани изи Русия дар таркиши анбори силоҳ дар Чехия сардтар шуд. ИМА нисбат ба Русия таҳрим эълон кард ва Русия Амрикоро вориди руйхате кард, ки "дӯстони Русия нестанд".

Интихоботи порлумонии пешазмӯҳлат дар Арманистон

Райъдиҳӣ дар Арманистон

Имрӯз, 20-уми июн дар Арманистон интихоботи пешазмӯҳлати порлумонӣ баргузор мешавад.

Санаи интихобот дар пайи созиши Никол Пашиниян, сарвазири Арманистон бо мухолифин муайян шудааст. Мухолифин Пашиниянро пас аз ҷанги миёни ин кишвра бо Озарбойҷон ба нотавонӣ муттаҳам карданд. Як шарти онҳо барои берунрафт аз бӯҳрони сиёсӣ интихоботи пеш аз мӯҳлат буд.

Барои соҳиб шудан ба курсиҳо дар порлумон намояндаи 25 ҳизб рақобат мекунанд, ки дар таърихи Арманистон бесобиқа аст. Порлумон ҳукумати ояндаро тасдиқ мекунад.

Дар ин интихобот ҳизби “Созиши шаҳрвандӣ” бо раҳбарии Никол Пашиниян, сарвазири кунунӣ ва ҷумбиши “Арманистон” бо раҳбарии Роберт Кочариян, президенти собиқи ин кишвар аз рақибони аслӣ ҳисоб мешаванд.

Бар асоси рӯйхат беш аз 2,5 миллион шаҳрванди Арманистон ҳаққи ширкат дар интихоботро доранд.

Пас аз ҷанг миёни Арманистон ва Озарбойҷон дар моҳи сентябр-октябри соли гузашта садҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. Пас аз хатми ин ҷанг, ки бахше аз Қарабоғи Кӯҳӣ ба ҷониби Озарбойҷон гузашт, дар Арманистон бӯҳрони сиёсӣ ба вуҷуд омад. Мухолифин Никол Пашиниянро дар гузашт ба Озарбойҷон ва шикасти низомӣ муттаҳам мекунанд.

Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ вазири дифои Афғонистон шуд

Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ вазири дифои Афғонистон шуд

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон раҳбарони ду вазорати калидӣ, вазорати дифоъ ва вазорати корҳои дохилиро иваз кард.

Ин тағйирот дар пасманзари фаъолтар шудани ҷангиёни гуруҳи Толибон гирифта шудааст, ки пай дар пай ноҳияҳои Афғонистонро таҳти назорат медароранд.

Президент Ашраф Ғанӣ гуфт, ки генерал Бисмиллоҳ Муҳаммадиро ба ҷойи Асадуллоҳ Холид вазири дифоъ пешбарӣ кард. Асадуллоҳ Холид пас аз ду соли кор аз ин мақом барканор шуд.

Ӯ ҳамчунин Абдул Саттор Мирзаквал, ки дар гузашта раиси чанд вилоят, аз ҷумла Қундуз буд, вазири корҳои дохилӣ пешбарӣ кард.

Ин ду вазир вазифаҳои худро анҷом медиҳанд, вале онҳоро бояд порлумон тасдиқ кунад.

Тағйир дар ду вазорати калидӣ дар ҳолест, ки пас аз оғози хуруҷи низомиёни ИМА сар аз 1-уми май, Толибон чанд ноҳияро дар Афғонистон аз дасти неруҳои ҳукуматӣ гирифтанд.

Мақомоти Афғонистон рӯзи 19-уми июн гуфтанд, ки идораи қариб шаш ноҳияи дигар - - дар вилоятҳои Тахор, Форёб, Ҷузҷон, Самангон, Фароҳ ва Пактиё - дар тӯли камтар аз як ҳафта ба дасти Толибон гузашт.

Гуруҳи Толибон бо давлати Афғонистон барои сулҳ музокира мекунанд, вале ҳанӯз гуфтушунид натиҷа надодааст.

Дар Афғонистон, кишвари ҳамсояи Тоҷикистон 40 сол боз ҷанг давом дорад.

Посбони сафорати Туркманистон дар Маскав худкушӣ кардааст

Даромадгоҳи сафоратхонаи Туркманистон дар Маскав

Навбатдори полис дар назди сафорати Туркманистон дар Маскав рӯзи 20 июн худкушӣ кардааст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС ба нақл аз мақомоти полиси Русия хабар додааст. Ҷасади лейтенанти калон полисро ҳамкоронаш дар дидбонгоҳи назди сафорат пайдо кардаанд. Пулиси Маскав ҳодисаро худкушӣ унвон карда, афзудааст, ки таҳқиқи воқеа идома дорад.

Дар интихоботи зудраси Арманистон 21 ҳизб ширкат мекунад

Рафти интихобот дар яке аз ҳавзаҳои шаҳри Ереван, 20 июни соли 2021.

Дар Арманистон интихоботи пешазмуҳлати порлумонӣ ҷараён дорад. Дар он 21 ҳизби сиёсӣ, чаҳор эътилоф ва се президенти пешини ин кишвар бо ҳам рақобат доранд. Сарпарасти сарвазирии Арманистон Никол Пашинян аз ҳизби "Аҳди шаҳрвандӣ" дар муқобили эътилофи «Айастан» («Арманистон») таҳти сарварии президенти пешини Арманистон Роберт Кочарян аз пешсафони раъйдиҳӣ шумурда мешаванд. Барои даромадан ба порлумон ҳар ҳизб зарур аст, ба камияш 5 дарсад ва эътилофҳои сиёсӣ 7 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст орад. 2,5 миллион шаҳрванди Арманистон ба рӯхат ворид карда шуда, раванди интихоботро 483 нозири байнулмилалӣ аз 8 созмони ҷаҳонӣ назорат мекунанд. Аҳзобу эътилофи мухолиф талош доранд, ҳизби Пашинян аз қудрат барканор шавад. Онҳо ин ҳизбро масъули "шикасти шармсоркунанда дар Кӯҳистони Қаробоғ медонанд.Пашинян моҳи апрели соли равон истеъфо дод, вале то интихобот сарпарастии мақоми сарвазироро идома медиҳад. Вай низ аз даст додани Қаробоғро шикасти Арманистон медонад, вале мегӯяд, танҳо бо ҳамин созишнома имкон дошт, аз ҷанги бузург пешгирӣ шавад.

Дар Австралия озмоиши эми нави зидди COVID-19 сар шуд

Нишонаи роҳнамои маркази озмоиши коронавирус дар Мелбурни Австралия

Олимони Австралия озмоиши эм ё воксини нави зидди COVID-19 – ро оғоз карданд, ки ҳамчун моеъ ба бинӣ ва димоғи инсон ворид карда мешавад. Мутахассисони ширкати австралии Nucleus Network изҳор медоранд, ки ин эм аз маҳсулоти AstraZeneca ва Pfizer дида босамартар хоҳад буд. "Садои Амрико" ҷузъиёти ихтирои олимони австралро дар матлаби вижае баррасӣ кардааст. Доктор Пол Гриффин, мудири илмии ширкати Nucleus Network, ки санҷиши кори эми навро дар дармонгоҳҳо сар кардааст, мегӯяд, воксини австралӣ хатари сироят ба коронавирусро ба охирин ҳад коҳиш медиҳад."Бартарии асосии эми нав дар он аст, ки бо ҳамон роҳи вурудии вирус ба бадан ворид карда мешавад. Мо бовар дорем, ки ин таъсири ваксинаро бештар ва даромадани вирусро ба бадани инсон пешгирӣ мекунад," - гуфт Гриффин. Аммо олимони австралӣ инро ҳам гуфтаанд, ки эми нав тақрибан пас аз ду сол дастраси одамон хоҳад шуд. Алҳол дар Австралия барои мубориза бо COVID-19 ду ваксини AstraZeneca ва Pfizer истифода мешаванд. Ин ҳафта мақомоти беҳдоштии кишвар эълом доштанд, ки эми AstraZeneca ба одамони аз шастсола боло тавсия дода мешавад. Сабаб дар он буда, ки эми мазкур дар афроди ҷавонтар кам ҳам бошад, хатари сар задани бемории тромбозро ба миён меовардааст. Мақомоти Австралия нақша доранд, эмгузаронии аҳолии 25-миллионнафараи ин кишварро то поёни соли 2021 ба анҷом расонанд. То имрӯз дар Австралия наздики 30 ҳазор нафар ба коронавирус олуда шуда, беш аз 900 нафари онҳо фавтидаанд.

Иброҳим Раисӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон пирӯз эълон шуд

Иброҳим Раисӣ

Мақомоти интихоботии Эрон рӯзи 19-уми июн эълом доштанд, ки Иброҳим Раисӣ ҷонибдори сиёсатҳои тунд, аз миёни номзадҳои умдатан муҳофизакорро дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон бо касби ҳудуди 62 дарсади овозҳо пирӯз шуд.

Аммо интихобот бо иштироки ками мардум баргузор шуд, ки як мояи танқиди мухолифони ҳукумат аст, ки дар қабзаи рӯҳониён қарор дорад.

Созмони Афви Байналмилал дар вокуниш ба пирӯзии Раисӣ, даъвати худро ҷиҳати таҳқиқи нақши ӯ дар нопадидшавии инсонҳо, шиканҷа ва куштор "саркӯби босуръат" -и ҳуқуқи инсон, такрор кард. Аммо роҳбари руҳонии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, ки дар умури сиёсӣ ва динии Эрон қудрати ниҳоиро дар даст дорад, овоздиҳиро шикасти "таблиғоти душман" номид.

Масъулини интихобот ва расонаҳои давлатӣ пас аз нисфирӯз гуфтанд, ки Раисӣ 62 дарсади овозҳоро ба даст овардааст.

Иброҳим Раисии 60-сола низоми додгоҳии Эронро раҳбарӣ мекунад ва яке аз додрасҳое буд, соли 1988 як зумра мурофиаҳои сареъро назорат мекард ки дар он ҳазорон маҳбусони сиёсӣ ба ҳукми қатл маҳкум шуда, эъдом шуданд. Созмонҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ки Раисӣ дар ҷиноятҳои зидди башарӣ айбдор аст ва Иёлоти Муттаҳида Амрико ӯро таҳти таҳрим қарор додааст.

Дидори вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон дар Анталияи Туркия

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти хабарӣ, Душанбе 19 майи соли 2021

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 19 июн дар ҳошияи Форуми дипломатии Анталия бо ҳамтои эронии худ Муҳаммад Ҷавод Зариф мулоқот кард. Дар ин дидор тарафҳо ба зарурати густариши ҳамкориҳои дуҷониба, ба вижа дар таъмини суботи минтақа ва пешгирии ноамнӣ дар Афғонистони таъкид карданд. Раҳбари идораи умури хориҷии Тоҷикистон аз тавсеаи ҳамкориҳои байни ду кишвар истиқбол намуд. Вазири Эрон ба зарурати ҳамкории кишвараш ва Тоҷикистон барои истодагарӣ зидди талошҳои ноором кардани минтақа ишора намуд. Зариф гуфтааст, ки барои пешгирии ноамнӣ дар Афғонистон ҳамкории зич барои Эрону Тоҷикистон зарур аст. Вай дар идома ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои кушодани роҳ барои раҳоии ду шаҳрванди эронии зиндонӣ дар Тоҷикистон сипосгузорӣ намудааст. Сироҷиддин Муҳриддин дар навбати худ мавзеъгириҳои Ҷумҳурии Исломиро дар пайванд бо рӯйдодҳои минтақа, бахусус дар Афғонистон арзишманд номидааст. Пас аз робитаҳои сарди чанд сол пеш, айни замон ду тарафи Тоҷикистон ва Эрон ба ҳам наздик мешаванд. Дар моҳҳои охир вазирони дифоъ ва корҳои дохилии Тоҷикистон аз Эрон сафар карданд. Дар моҳҳои феврал ва март вазирони корҳои дохилӣ ва хориҷии Эрон аз Тоҷикистон дидан намуда буданд. Дар поёни соли 2015 равобит миёни Тоҷикистону Эрон ба сардӣ гароид. Тоҷикистон ошкору ниҳон мақомоти Эронро ба пуштибонӣ аз ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва Теҳрон Душанберо барои гум шудани миллионҳо доллари Бобаки Занҷонӣ муттаҳам карданд. Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон он замон чанд филми таҳиякардаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро намоиш дода буданд, ки дар онҳо Эрон ошкору пинҳон дар қатли шахсиятҳои маъруфи тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ айбдор мешуд. Аммо дар се соли ахир равобити ду кишвар рӯ ба гармӣ ниҳодааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG