Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои Исроил идома доранд, Шӯрои Амният низоъро баррасӣ мекунад


Тахриби бино дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии Исроил дар Навори Ғазза
Тахриби бино дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии Исроил дар Навори Ғазза

Дар Навори Ғазза бо зарбаҳои ҳавоии Исроил рӯзи 16 май 26 фаластинӣ кушта шуда, хонаи раҳбари Ҳамос тахриб гаштааст. Ин дар ҳолест, ки Шӯрои Амнияти Созмони Милал зимни афзоиши изтироб дар саросари ҷаҳон интизор меравад, шиддат ёфтани низоъро дар Ховари Миёна баррасӣ кунад.

Бо он ки фаластиниён мегӯянд, дар Ғазза ба камияш 174 нафар, аз ҷумла 47 кӯдаки онҳо ва исроилиҳо бар инанд, ки 10 исроилӣ кушта шудаанд, рӯйдодҳои ахир хунинтарин марҳилаи низоъ аз соли 2014 ба ин сӯ шумурда мешавад. Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу рӯзи 15 май гуфт, ки сарфи назар аз даъватҳои Вашингтон ва Созмони Милал ба қатъи низоъ, маъракаи ҷории зидди ҷангиёни фаластинӣ "то он даме ки лозим аст, идома хоҳад ёфт." Ин изҳороти Нетаняҳу рӯзи 15 май пас аз чандин ҳамлаи ҳавоии исроилиён садо дод, ки гуфта мешавад, раҳбарон ва фармондеҳони аршади Ҳамосро ҳадаф гирифта буданд. 16 май артиши Исроил гуфт, хонаи Яҳё Синвор, раҳбари ҷиноҳи сиёсии Ҳамосро дар Навори Ғазза бомбаборон кард. Дар бораи зинда ё мурдаи ӯ хабар дода нашудааст.

"Дар байни ҳадафҳои задашуда манзилҳои Яҳё Синвор, раиси Дафтари сиёсии Ҳамос дар Ғазза ва инчунин бародари ӯ Муҳаммад Синвор, мудири таъминот ва нерӯҳои башарии Ҳамос ҳастанд", омадааст дар изҳороти артиши Исроил, ки ҳамроҳи он видеое низ пахш гашт, ки дар он таркишу дуди ғазиз ва вайронии сахт дида мешавад. Ҳамлаҳои ҳавоии Исроил пештар, рӯзи 15 май як бинои баландошёнаи шаҳри Ғаззаро тахриб карданд, ки дар он расонаҳои хабарии байналмилалӣ, аз ҷумла Алҷазира ва Ассошиэйтед Пресс ҷойгир буданд. Низомиёни Исроил гуфтанд, ки тахриби ин бино қонунӣ буд, зеро дар он дороиҳои низомии марбут ба Ҳамос вуҷуд доштанд. Исроил дар бораи зарба пешакӣ огоҳӣ дод, то хабарнигорон аз ин бино кӯчонида шавад. Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс ин ҳамларо маҳкум кард ва аз Исроил хоҳиш кард, ки далелҳо пеш орад. "Мо ҳеҷ нишонае надоштем, ки Ҳамос дар ин бино буд ва ё дар он коре мекард", гуфта шудааст дар изҳороти Ассошиэйтед Пресс. Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш аз шумораи қурбониёни мулкӣ дар ҷангҳои Ғазза изҳори нигаронӣ кард ва аз зарбаи Исроил ба бинои дорои дафтарҳои кормандони расонаҳо "шадидан нороҳат шуд".

XS
SM
MD
LG