Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии "Хуҷанд" дар Душанбе ва бохти "Равшан" дар Бишкек


Бозигарони дастаи "Хуҷанд"

Дастаҳои "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд ва "Равшан"-и Кӯлоб дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021, ки рӯзи 14-уми май дар Душанбе ва Бишкек оғоз ёфт, нахустин бозиҳои худро баргузор карданд.

Рақибони дастаи "Хуҷанд" бошгоҳҳои "Насаф"-и Қаршӣ, ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Узбекистон, "Олтин Асир"-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон ва "Олой"-и Ӯш, барандаи Ҷоми Қирғизистон мебошанд. Онҳо дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 дар Минтақаи марказӣ дар гурӯҳи "F" рақобат мекунанд. Ҳамаи бозиҳои ин гуруҳ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегарданд.

Дар аввалин даври мусобиқа дар гурӯҳи “F” 14-уми май нахуст "Насаф"-и Узбекистон бо "Олой"-и Қирғизистон рақобат кард. Бозӣ бо ғалабаи футболбозони узбек бо ҳисоби бузурги 4:0 анҷом пазируфт. Ҳар чор гол дар нимаи дуюми бозӣ зада шуд. Голҳои Сӯҳроб Нуруллоев, Шоҳмалик Комилов, Ҳусейн Норчаев ва Ҳусниддин Алиқулов ба "Насаф" се имтиёз овард.

Сипас, дастаҳои "Олтин Асир"-и Туркманистон ва "Хуҷанд"-и Тоҷикистон вориди сабқат шуданд. Ҳисобро дар ин дидор Олтимурод Аннадурдиев, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 15-ум кушод. Баъд аз даҳ дақиқа Артём Сердюк, легионери “Хуҷанд”, ҳисобро баробар кард.

Дилшод Бозоров дар дақиқаи 41-ум голи дуюми “Хуҷанд”-ро ба ҳадаф расонд. Дар дақиқаи охирини нимаи аввали бозӣ Олтимурод Аннадурдиев боз муваффақ гашт ва ҳисоб баробар шуд - 2:2.

Дар нимаи дуюми дидор ҳисоб тағйир наёфт. Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 18-уми рақобат бозигари “Олтин Асир” Гувонҷ Раҷабов корти сурх гирифт ва аз майдон берун шуд.

Дар даври дуюми сабқати гуруҳи “F” рӯзи 17-уми май нахуст "Олой"-и Қирғизистон бо "Олтин Асир"-и Туркманистон, баъдан "Хуҷанд"-и Тоҷикистон бо "Насаф"-и Узбекистон бозӣ мекунанд.

Ҳамзамон дастаи "Равшан"-и Кӯлоб, барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон, дар мусобиқаи Ҷоми AFC-2021 дар гурӯҳи "E" дар Бишкек ширкат дорад. Рақибони “Равшан” қаҳрамони Қирғизистон - "Дордой" ва ноиби қаҳрамони Туркманистон - "Аҳал" мебошанд.

Дар Бишкек бозиҳо дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов баргузор шуда, соати 19:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешаванд.

Дар аввалин даври мусобиқа дар гурӯҳи “Е” 14-уми май “Равшан" бо "Аҳал" рақобат кард. Бозӣ бо пирӯзии футболбозони туркман бо ҳисоби 3:1 ба поён расид. Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 2:0 ба нафъи “Аҳал” хотима ёфт. Ҳарду голро Элман Тағоев ба самар расонид. Дар нимаи дуюми бозӣ, дар дақиқаи 52-юм, Далер Шомуродов, бозигари “Равшан”, тӯбро аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонда, ҳисобро тағйир дод – 2:1. Голи сеюми “Аҳал”-ро Қурбон Аннаев дар дақиқаи 63-юм зад.

Дар даври дуюми сабқати гуруҳи “Е” рӯзи душанбеи 17-уми май бозӣ миёни дастаҳои "Дордой"-и Қирғизистон – "Аҳал"-и Туркманистон баргузор мешавад. Дар даври сеюм рӯзи панҷшанбеи 20-уми май бозии охирини ин гуруҳ байни дастаҳои "Равшан"-и Тоҷикистон ва "Дордой"-и Қирғизистон доир мегардад.

Ғолибони гуруҳҳои Минтақаи марказии Ҷоми AFC-2021 дар финали минтақавӣ, ки аз ду бозӣ иборат аст ва рӯзҳои 11-ум ва 25-уми август баргузор мешаванд, иштирок мекунанд.

Ҷоми AFC-2021

Минтақаи марказӣ

Гурӯҳи "F"

Макон – Душанбе, Тоҷикистон

"Насаф" (Узбекистон)

"Олтин Асир" (Туркманистон)

"Хуҷанд" (Тоҷикистон)

"Олой" (Қирғизистон)

Даври 1-ум

14 май (ҷумъа)

"Насаф" (Узбекистон) – "Олой" (Қирғизистон) – 4:0

Голҳо: Суҳроб Нуруллоев, 52 (1:0), Шоҳмалик Комилов, 59 (2:0), Ҳусейн Норчаев, 64 (3:0), Ҳусниддин Алиқулов, 75 (4:0).

"Олтин Асир" (Туркманистон) – "Хуҷанд" (Тоҷикистон) – 1:2

Голҳо: Олтимурод Аннадурдиев, 15 (1:0), Артём Сердюк, 25 (1:1), Дилшод Бозоров, 41 (1:2), Олтимурод Аннадурдиев, 45, (2:2).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
«Насаф» (Узбекистон)
1
1
0
0
4-0
3
2
“Олтин Асир” (Туркманистон)
1
0
1
0
2-2
1
3
«Хуҷанд» (Тоҷикистон)
1
0
1
0
2-2
1
4
“Олой” (Қирғизистон)
1
0
0
1
0-4
0

Даври 2-юм

17 май (душанбе)

17:00 – "Олой" (Қирғизистон) – "Олтин Асир" (Туркманистон)

21:05 – "Хуҷанд" (Тоҷикистон) – "Насаф" (Узбекистон)

Даври 3-юм

20 май (панҷшанбе)

17:00 – "Насаф" (Узбекистон) – "Олтин Асир" (Туркманистон)

21:05 – "Хуҷанд" (Тоҷикистон) – "Олой" (Қирғизистон)

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Гурӯҳи «Е»

Макон – Бишкек, Қирғизистон

"Равшан" (Тоҷикистон)

"Дордой" (Қирғизистон)

"Аҳал" (Туркманистон)

Даври 1-ум

14-уми май (ҷумъа)

"Аҳал" (Туркманистон) – "Равшан" (Тоҷикистон) – 3:1

Голҳо: Элман Тағоев, 14 (1:0), Элман Тағоев, 18 (2:0), Далер Шомуродов 52 – аз пеналти (2:1), Қурбон Аннаев, 63 (3:1).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
"Аҳал" (Туркманистон)
1
1
0
0
3-1
3
2
"Дордой" (Қирғизистон)
0
0
0
0
0-0
0
3
"Равшан" (Тоҷикистон)
1
0
0
1
1-3
0

Даври 2-юм

17-уми май (душанбе)

19:00 -- "Дордой" (Қирғизистон) – "Аҳал" (Туркманистон)

Даври 3-юм

20-уми май (панҷшанбе)

19:00 -- "Равшан" (Тоҷикистон) – "Дордой" (Қирғизистон)

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови Бишкек баргузор мешаванд. Оғози бозиҳо – бо вақти Душанбе.
XS
SM
MD
LG