Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илназ Галявиев, ҳамлагар ба мактаби Қазонро ду моҳ ба ҳабс гирифтанд


Додгоҳи ноҳияи Совети шаҳри Қазони Русия Илназ Галявиев, ҳамлагар ба гимназияи рақами 175-ро ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Кумитаи тафтишотии Русия ӯро дар куштор айбдор кард.

Галявиев дар додгоҳ зидди ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданаш эътирозе накард.

Муфаттиш дар додгоҳ гуфт, Илназ Галявиев рӯзи 11-уми май аз силоҳе, ки бо худ оварда буд, дар гимназия 17 тир кушода, дар натиҷа 9 касро кушт ва 21 каси дигарро захмӣ кард.

Муфаттиш гуфт, Галявиев айби эъломшударо пурра эътироф кардааст. Вай дар содир кардани ҷинояти ниҳоят вазнин айбдор мешавад. Барои ин гуна ҷиноят ҳабси абад пешбинӣ шудааст.

Дар натиҷаи тирпарронии рӯзи 11-уми май дар гимназия 7 хонанда ва 2 омӯзгор кушта шуданд. Захмиҳо дар бемористон бистарӣ ҳастанд. Рӯзи 12-уми май кушташудаҳоро дафн карданд ва дар Тотористони Русия рӯзи мотам эълом шуд.

XS
SM
MD
LG