Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи рахнаи обанбор дар Узбекистон: додгоҳ ҳукми 17 касро содир кард


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар назди сарбанди Сардоба
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар назди сарбанди Сардоба

Додгоҳи олии Узбекистон рӯзи 10 май ҳукми 17 айбдоршавандаи парвандаи рахнаи обанбори Сардобаро содир кард. Муҳокимаи парванда 21 декабри соли 2020 шуруъ шуда, пушти дарҳои баста сурат мегирифт. Дар доираи парвандаи мазкур М. Холматов, роҳбари пешини Идораи сохтмони иншооти обиву техникии Узбекистон бо айбҳои ғоратгарӣ, сӯистифода аз мақом, вайрон кардани қоидаи бехатарӣ дар сохтмон ва ғайра 10 сол зиндонӣ шудааст.

С. Руднев, сардори пешини шуъбаи банақшагирии тарҳҳои корхонаи UzGIP бо айни ҳамин айбҳо 5 сол зиндонӣ ва 12,6 ҳазор доллар ҷарима шудааст. Афроди дигар низ дар доираи ин парванда қисме ҷарима, қисми дигар то 5 сол зиндонӣ шудаанд.

Садди обанбор 1 майи соли 2020 канда шуд ва боиси марги шаш тан гардид. Ҳамзамон наздики 70 ҳазор кас ба ҷои амн кӯчонида шуд. Дар хулосаи тафтишот гуфта шудааст, ки иштибоҳу норасоӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ, сохтмон ва истифодаи обанбор боиси рахна шудани сад гардидааст.

Обанбори Сардоба соли 2017 бо харҷи 404,4 миллион доллар сохта шуда буд. Дар пайи рахнаи он чанд минтақаи Узбекистон ва Қазоқистон зери об монд.

XS
SM
MD
LG